Дар олами мусиқӣ чеҳраҳое ҳастанд, ки ҳанӯз ба камол нарасидаанд, аммо бо маҳорату истеъдоди нодирашон аллакай мавқеи худро дар ҷамъият пайдо кардаанд. Яке аз чунин чеҳраҳои муваффақу умедбахш Билолҷон Ашӯров мебошад. Ӯ солҳост, ки ба навохтани фортопианаву най машғул буда, алҳол дар тӯю маъракаҳо низ ҳамроҳи падараш хизматрасонӣ мекунад.
Ин навбат ба хонандагони азизи сомонаи Oila.tj аз рӯзгору фаъолияти ҳунарии наврасе қисса мекунем, ки бо маҳорати худ ҳамагонро ба ҳайрат меорад.
Билолҷон Ашӯрови 12-сола зодаи шаҳри Истаравшан мебошад. Ӯ 3 сол мешавад, ки ба навохтани фортопианаву най машғул аст. Билолҷон нозукиҳои ҳунарро аз падараш омӯхтааст. Назар ба қавли падари қаҳрамони мо, ӯ ба найнавозии падараш таваҷҷуҳи зиёд дошт.
"Вақте Билолҷон 8-сола буд, наздам менишасту бо ҳайрат ба мусиқинавозиям менигарист. Эҳсос кардам, ки дар дилаш оташи ҳунар туғён мезанад. Каму беш найнавозиро омӯхт. Сипас ба мактаби санъати бачагона гузоштам. Он ҷо аз омузгори мусиқӣ Меҳрӣ Қорбоева навохтани фортопианаро омӯхт. Дар муддати кӯтоҳ ин ҳунарро аз худ кард. Мана аллакай мустақилона якчанд оҳангро менавозад",- иброз дошт падари Билолҷон.
Мусиқии дилнавозе, ки барои Билолҷон дарвозаи олами мусиқиро боз кард, оҳанги "Боронак" мебошад. Ӯ вақте нотаҳоро шинохту тарзи оҳангбандиро омӯхт, омӯзгораш Меҳрӣ Қорбоева тарзи навохтани оҳангҳои гуногунро омӯзонд. Чун қаҳрамони мо шавқи зиёду зеҳни тез дошт, дар муддати кӯтоҳ нозукиҳои фортопиананавозӣ ва ҷӯр кардани онро бо дигар асбобҳои мусиқӣ аз худ кард.
"Аввалин оҳанге, ки бо фортопиана навохтам, "боронак" ном дорад. Ин оҳанг бароям ибтидои роҳи ҳунар гашт. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста навохтани дигар оҳангҳоро низ омӯхтам. Фикр мекунам ҳар як нотаи фортопиана ва оҳанге, ки аз он мебарояд, дар қалби шунаванда ҷой мегирад",- мегӯяд мусиқинавози наврас.
Билолҷон Ашӯров тӯли се соли ба мусиқӣ рӯй оварданаш дар чандин озмуну чорабиниҳои фарҳангӣ иштирок кардааст. Ин навраси боистеъдод аз соли 2025 ҳамроҳи падараш ба маросими тӯй рафта, фортопианаву най менавозад. Ба қавли ӯ, иштирок дар базмҳои арӯсӣ барои сайқали маҳорати ҳунарияш мусоидат мекунад.
Билолҷон ҳоло барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” омодагӣ мебинад. Ӯ мехоҳад дар озмун бо най оҳанги руҳнавозе навохта, сазовори ҷойи аввал гардад.
Билолҷон ният дорад таҳсили худро дар соҳаи мусиқӣ идома диҳад, забонҳои хориҷиро омӯзад ва дар оянда Тоҷикистонро дар саҳнаҳои байналмилалӣ муаррифӣ намояд.
Фаъолияти пурсамари мусиқинавозии наврас намунаи равшани он аст, ки бо муҳити мусоиди оилавӣ, устоди меҳрубон ва меҳнати пайваста, ҳатто як кӯдак метавонад дар роҳи ҳунар ба дастовардҳои назаррас ноил гардад.
Абдуғаффор ШОДИЕВ