formula feb 2025
Муштзани тоҷик дар “Шоми бокс”-и Маскав баромад мекунад
448

Муштзани соҳибноми тоҷик, барандаи нишони биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024 ва медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиёӣ Ҳангжоу-2022 Давлат Болтаев дар соли 2025 аввалин рақобатро доир мекунад. Ҳарифи муштзани мо Рамазон Карнукаеви рус мебошад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, рақобати Давлат Болтаев (5-0, 2 КО) бо Рамазон Карнукаеви навкор рӯзи 7-уми март дар шаҳри Маскав дар доираи мусобиқаи “Шоми бокс” сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки муштзани сангинвазни тоҷик Давлат Болтаев охирон маротиба дар мусобиқаи “Шоми Бокс” моҳи апрели соли гузашта, дар шаҳри Алмаато муқобили муштзани қазоқ Сагиндик Тогамбай сабқат карда, пирӯз шуд. Дар идома муштзани мо медали биринҷии Бозиҳои олимпии Париж-2024-ро соҳиб шуда буд.

Моҳи октябри соли 2022 Давлат Болтаев дар мусобиқаи “Шоми бокс”-и Душанбе дар раунди дуюм бо нокаути техникӣ бар Муҳиддин Раҷапбаев аз Ӯзбекистон зафар ёфта буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД