Мушкилкушои миллат
72

Вақте ки Тоҷикистон

Дар хоку хун ниҳон буд,

Фармонравои мутлақ

Дорандаи камон буд,

Пиру ҷавони кишвар

Тарсон зи қасди ҷон буд,

Ту омадӣ ба майдон,

Эй Пешвои миллат,

Гаштӣ ба рӯзи сахтӣ

Мушкилкушои миллат!

Оре, ҳақ ба ҷониби шоир аст, зеро дар он рӯзҳои басо сахту сангин, ки Ватан ғарқа дар хуни фарзандони хеш навҳаи пурдард мекашид ва фазои кишварро дуди ғализи ҷангу тиру туфанг пур карда, тақдири миллати тоҷик сари мӯйе бозӣ мекард, марди шариф ва бо нангу ор, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далерона қадам ба арсаи сиёсат ниҳода, ҷони ҷавони худро дар хатар гузошт, то ҷони миллат ва ҳамватнони худро наҷот диҳад.

Дар он замонаи пурошӯб, ки бародар хуни бародару падар хуни писар мерехт, масъулияти тақдири як миллати азияткашидаро бар дӯш гирифтан кори саҳлу осон набуд. Аммо дар ҳамон давраи басо мураккаб, ки садои яроқу аслиҳа садои ақлро хомӯш кардаву раҳму шафқат аз вуҷуди одамон кӯч баста буд, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ёд кардани савганди садоқат ба Ватан гуфта буданд: “Дар мулки ҳамсояамон Афғонистон аллакай гӯристони гурезаҳои тоҷик пайдо шудааст. Ин нанг ба тамоми миллати тоҷик аст. Садсолаҳо мегузаранд, вале ҳар касе, ки аз канори ин гӯристон гузарад, албатта мегӯяд, ки ин гӯристони гурезаҳои тоҷик аст. Ман то охирин тоҷикро ба Ватан барнаградонам, ором намегирам!”.

Ва ин марди шариф ба қавли додааш вафо намуда, ҷони худро дар хатар гузошта, пеш аз ҳама гурезаҳоро ба Ватан баргардонд ва ба ҷанги бемаънии бародаркушӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт.

Бо талошҳои пайвастаи ин шахсияти беназир харобаҳои замони ҷанг бартараф карда шуданд ва Ватани азизи мо - Тоҷикистон аз нав ободу зебо ва гулгулшукуфон гашт.

Тӯли солҳои Истиқлол бо шарофати иқдомҳои инсондӯстона ва ватанпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба андозаи чанд садсола пеш рафта, нақбҳои бузурги Истиқлол, Шаҳристон, Озодӣ, Хатлон бунёд ёфтанд ва чандин роҳҳои нави замонавӣ сохта шуданд, ки минтақаҳои мухталифи Тоҷикистонро ба ҳам мепайванданд. Бунёди нерӯгоҳҳои бузурги барқӣ-обии Роғун, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Помир-1 ва чандин нерӯгоҳҳои дигар бо иқтидорҳои мухталиф дар гӯшаву канорҳои гуногуни мамлакат қадами дигари хеле муваффақона буд, ки боиси пешравии иқтисодиёти кишвар ва мустаҳкам гаштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Миёна ва ҷаҳон гашт. Тӯли солҳои охир бунёд ёфтани садҳо биноҳои боҳашаммати замонавӣ дар пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳру шаҳракҳои гуногуни мамлакат ба ҳусни кишвари мо ҳусни дигар зам намудааст. Имрӯз пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо биноҳои муҳташами сар ба фалак кашида ва кӯчаву хиёбонҳои гулпӯшаш боиси ифтихори ҳар як сокини кишвар буда, меҳмонони хориҷӣ аз тамошои зебогиҳои он ба ваҷд меоянд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари пешравиҳои сиёсиву иқтисодӣ кишвари мо дар даврони Истиқлол аз лиҳози маориф ва илму техника низ хеле пеш рафтааст. Дар ин давра чандин донишгоҳу донишкадаҳои тозабунёд арзи ҳастӣ намуданд, садҳо литсейҳо ва ҳазорон кӯдакистон ва мактабҳои нави замонавӣ сохта шуданд, ки бо техникаи муосир пурра таҷҳизонида шуда, тамоми шароитҳои зарурӣ барои омӯзиши илму дониш дар онҳо фароҳам оварда шудаанд.

Мо - омӯзгорон, падару модарон ва дигар аъзои ҷомеаро лозим аст, ки шукронаи ватани ободу зебоямон ва шукронаи Истиқлол намуда, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардем ва ба тарбияи насли наврас диққати ҷиддӣ дода, кӯдакон ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ ва ифтихори баланди миллӣ тарбият намоем!

Гулнора ХОҶАМБЕРДИЕВА, омӯзгори МТУМ №64-и н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД