Formula novemver 2024
Мушаррафа Қосимова ҳар шумораи “Оила”-ро мехонд
918

 Аз хазина

 

Агар умр вафо мекард, имрӯз Мушаррафа Қосимова ба баҳори мубораки 105 солагӣ қадам мегузоштанд. Мушаррафа Қосимова дорандаи ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин», «Барои меҳнати фидокорона» ва «Ветерани меҳнат» мебошад.

Барои заҳматҳои арзандааш ӯ бо Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Ҳаёти ин зани сар то по ҳунар ба мисли нақшҳои дар саҳнаи ҳунар офаридааш басо зебо ва бобаракату мондагор буд. Мушаррафа Қосимова 101 сол умр дида, аз худ садҳо нақшҳои ҷолибро мерос гузоштааст. Имрӯз дар қатори фарзандон ва беш аз 60 набераю аберааш барои ин модари басо меҳрубону ғамхор, бибию бибикалони оқила ва ҳунарманди маҳбуб хурду калон мегиряд, зеро нотакрор буд Мушаррафа ва ҳунару истеъдодаш. Ҳунармандон зиёданд, аммо ҷойи ӯро то имрӯз касе гирифта натавонист ва ҳаргиз нахоҳад гирифт...

Духтари самарқандӣ

Мушаррафа Қосимова 19 –уми декабри соли 1918, дар гузари Чорраҳаи шаҳри Самарқанд  дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Падараш Орифҷон Расулиро дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик соли 1924 ба пойтахти Тоҷикистон—шаҳри Душанбе фиристоданд. Мушаррафа ҳамон вақт дар Омӯзишгоҳи тиббии Тошкент таҳсил мекард, вале пас аз марги падараш, соли 1937 маҷбур шуд, ки омӯзишгоҳро партофта, ба назди хоҳару додаронаш баргардад...

Гунаҳкори бе гуноҳ

Падари Мушаррафа Орифҷон Расулиро соли сиёҳи 1937 ба қатл расониданд. Ҳамон давра “Террори Сталинӣ” ба нуқтаи авҷаш расида буд ва аз фурсат истифода бурда, бисёр равшанфикронро бо туҳмат ба доми бало гирифтор мекарданд. Душманонаш аз рашку ҳасуд ба пойи Орифҷон Расулӣ низ туҳмат бастанд ва ҳамин тавр аз як марди равшанфикр “душмани халқ” сохта, бе гуноҳ ӯро ба марг маҳкум намуданд. Марги падар барои Мушаррафа сахттарин зарбаи ҳаёт буд, аммо ҳатто ин зарбаи ҷонкоҳ низ натавонист иродаи ин духтари ҷасур ва мардонадилро шиканад. Бар рағми душманон ӯ аз баҳри таҳсил дар омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Тошканд гузашта, ба Душанбе омад, то ки бародару хоҳаронашро соҳибӣ кунад.

Барои таъмини оила бо кӯмаки яке аз хешовандонашон, адиби маъруф Ғанӣ Абдулло Мушаррафа дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад...

Нақшҳои нотакрор

Мушаррафа Қосимова то поёни солҳои 80, яъне беш аз 50 сол дар саҳнаи театри ба номи Лоҳутӣ ва аз соли 1989 дар театри «Гаҳвора» ҳунарнамоӣ кардааст. Собиқаи кории Қосимова дар синамо аз соли 1956 ибтидо мегирад. Дар киностудияи «Тоҷикфилм» ин ҳунарманди маҳбуб дар чандин филмҳои овозадор аз ҷумла «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Нисо», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Дарду алами Афғонистон», «Бачагии Насриддин» нақшҳои ҷолибу хотирмон офаридааст, аммо Мушаррафа Қосимоваро бештар ҳамчун модари саҳнаи театри тоҷик мешинохтанд. Латофат аз намоишномаи “Туй” аз рӯи асари С. Ғанӣ, Баҳор аз «Ҳаёт ва ишқ»-и Ф. Ансорӣ, Занаки гӯл аз «Гавҳари шабчароғ»-и С. Улуғзода, Марианна аз намоишномаи “Қиссаи модар” аз рӯи ҳикояҳои адиби маъруфи рус Горкий, Модар аз “Беватан»-и С. Сафаров, Чӯтуройим аз «Фармони кадушоҳ»-и А. Баҳорӣ, Бӯстонбибӣ аз «Ҷон модаракон»-и А. Қаҳҳор, Модаркалон аз «Хатро ман навишта будам»-и Ф. Ансорӣ, Ойша-апа аз «Қуллаи Фудзияма»-и Чингиз Айтматов ва Қ. Муҳаммадҷонов, Фирӯза аз «Духтари оташ»-и Ҷ. Икромӣ, Булбул аз «Хонашерони майдонғариб»-и Ғ. Абдулло, Шамсӣ Қиёмов, М. Рабиев, Фармонбибӣ аз «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмадов ва даҳҳо нақши дигари офаридааш номи Мушаррафа Қосимоваро дар китоби таърихи театри тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт намуда, ёди ин бонуи ҳунармандро абадан зинда хоҳанд дошт.

Дар талоши бахт

Тавре ки аллакай зикр намудем, Мушаррафа баъди марги фоҷиавии падараш аз баҳри таҳсил дар омӯзишгоҳи шаҳри Тошканд гузашта, ба Душанбе омад ва барои таъмини оила бо кӯмаки яке аз хешовандонашон, адиби маъруф Ғанӣ Абдулло Мушаррафа дар Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба кор даромад. Дар ҳамин даргоҳи ҳунар вай бо драманавис Абдулҳақ Усмонов шинос шуд ва ин вохӯрӣ боиси тавлиди муҳаббати поку беолоише гашт. Ин ду ҷавони қалбашон саршори меҳри ҳунар бо садҳо умеду орзуҳои ширин издивоҷ намуданд, аммо Абдулҳақ Усмонов соли 1942 дар сангарҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон бохт. Пас аз чаҳор соли марги шавҳараш, аниқтараш соли 1946 Мушаррафа ба ситораи машҳури театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов хонадор шуд ва исми хонаводагиашро ба Қосимова иваз кард. 

Рози дили модари саҳнаи тоҷик

Мо бо ин ҳунарманди нотакрор дар арафаи ҷашни 100- солагиаш суҳбати хотирмоне доштем. Вақте аз Мушаррафа Қосимова пурсидем, ки чаро бештар дар саҳна нақши модарро офаридааст, андешамандона чунин ҷавоб дода буд: “Аввалҳои ба театр омаданам нақшҳои ошиқонаро мебозидам, вале чун умрам ба ҷое расид, модар шудам, модари саҳна. Модаре, ки гаҳе ғамзадаю гаҳе гирён аст. Вақте ман ба саҳна мебаромадам, мардум бо дидани ҳоли зору шунидани нолаи ҷигарсӯзи модари зоре, ки ҷигараш аз ғами фарзанд реш-реш гаштааст, дар толор гирён мешуданд. Сабаби таъсирбахш баромадани нақшҳои офаридаам шояд он бошад, ки ҳамчун зан-модар фоҷиаҳои зиёдеро дар ҳаёти шахсии худ аз сар гузаронидаам. Ман ҳам модари фарзандгумкарда ҳастам, якто не, чор фарзандамро аз даст додаам...

Хумори дидори писар

Фарзандони Мушаррафа Қосимова ҳама инсонҳои фозил буда, рисолатҳои зиёдеро бар дӯш доранд ва бисёр серташвиш ҳастанд. . Вақте пурсидем, ки фарзандонаш ба аёдати ӯ меоянд ё не, хаёлаш ба дуриҳои дур парвоз кард ва бо чашмони саршор аз хумори дидор гуфт: “Писарам Хуррам як духтари русро дӯст дошт, лекин касе намедонист, ки вай рус аст. Дар меҳмондорӣ ҳамто надошт. Агар касе “ба хонаи Муҳаммадҷон Қосимов омадем” мегуфт, дарав дастархон боз мекарду ҳар чизе, ки дошт, пеши меҳмон мегузошт. Ҳоло онҳо оилаи калон шудаанд ва дар Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд. Соҳиби набераю абера гаштааст. Ҳар сол ба аёдатам меояд, вале соли гузашта (марҳум соли 2017-ро дар назар дошт) бо сабаби кори зиёд доштанаш дар театре, ки дар он ҷо кор мекунад, натавонист ба Тоҷикистон биёяд. Шукр мекунам, ки имрӯз духтарам Сулҳияҷон дар бари ман аст...”

Мушаррафа Қосимова бо айнак “Оила” мехонду...

Ёдам ҳаст, вақте соли 2018 барои суҳбат ба хонаи ин достони зиндаи санъати тоҷик рафтам, кӣ будану аз куҷо ва бо чӣ мақсад омаданамро пурсон шуданд. Вақте худро ҳамчун корманди ҳафтаномаи “Оила” муаррифӣ намудам, дар чашмони камнури Мушаррафа Қосимова оташаке пайдо шуд ва “Маро зинда медоштагӣ “ОИЛА” аст” гуфта, ба рӯзномаҳои дар наздаш хобида ишора намуда афзуд: “Агар рӯзе чизе нахонам, худро хуб эҳсос намекунам”. Чашм ба рӯзномаҳо дӯхтам. Айнаки махсуси “лупа” дар болои рӯзномаҳо хобида, гуфтаҳои соҳибашро тасдиқ менамуд.

“Дуо мекунам, ки дунё тинҷию амонӣ бошад. Дуо мекунам, ки кишвари мо аз ин ҳам ободу зеботар гардад. Ҳеҷ як модар доғи фарзандро набинад. Илоҳо орзую ҳавасатона бинеду ба мисли ман соҳиби набераю абера ва чабера гардед. Ман барин бибии бодавлат шавед. Омин!” бо ҳамин дуо он рӯз Мушаррафа Қосимова маро гусел карда буд. Имрӯз ҳамаи мо даст ба дуо мебардорем, ки руҳи поки ин ҳунарманди нотакрор ҳамеша шод ва хонаи охираташ обод бошад!

Маҳинаи Давлат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД