Рӯзи гузашта Президенти кишвар ба ВМКБ сафари корӣ анҷом дод. Дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯйи истироҳатгоҳи “Чорчаман” дар назди соҳили дарёи Панҷ бо як гурӯҳ шаҳрвандони ҳамсоякишвари мо Афғонистон мулоқот намуда, суҳбати самимии сари роҳӣ анҷом дода шуд.
Он чанд сокини минтақаи наздисарҳадӣ барои пешвози Пешвои миллат дар назди соҳили дарё ҷамъ омада, барои имкони мулоқот аз Ҷаноби Олӣ арзи сипос намуданд.
“Мо қадами шуморо ба минтақаи Дарвоз хайрумақдам мегуем. Иншоллоҳ дасти хидмати худро барои мо ҳам дароз менамоед. Ҳамон тавре, ки худи шумо дар ҷараён ҳастед, минтақаимо ба об, барқ, алоқа ва набудани роҳи мошингард ниёзмандии беандоза дорад”-изҳор доштанд, ҳаммиллатони мо аз он тарафи соҳиди дарёи Панҷ.
Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон купруки дӯстӣ бунёд шуда буд. “Бо сохтмони ин пулҳо рафтуомади бемамониати шаҳрвандони ду кишвар оғоз шуда, бозорҳои наздисарҳадӣ ташкил гардиданд, ки сокинони ду тарафи соҳил аз он барои таъмини эҳтиёҷоти зиндагии хеш бо молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал самаранок истифода мебаранд”,-шарҳ медиҳад АМИТ “Ховар”.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.