Вақтҳои охир тез-тез мурдаҳоро хоб мебинам. Гоҳ падари раҳматиам, хоҳ бобову бибиам ва гоҳо ягон шахси дигари кайҳо аз олам гузашта, ки ба ман чандон наздикӣ надорад, ба хобам медарояд. Баъзан хоб мебинам, ки хоҳар ё бародарам мурдаасту ман зор-зор гиря дорам. Ростӣ баъди дидани чунин хобҳои ҳавлангез чанд рӯз ба худ намеоям. Мегӯянд, ки мурдаро хоб дидан хосияти хуб надорад ва ман метарсам, ки ба сари пайвандонам ё худам ягон фалокат ё балои азим набиёяд. Илтимос, бигӯед, ки мурда дар хоб чист?
Мадина, ш. Душанбе
Посух
Аксари одамон аз хоб дидани мурдаҳо метарсанд ва гумон мекунанд, ки ин фоли бад асту шояд ба сарашон ягон бадбахтӣ меояд, аммо дар асл чунин нест. Тавре ки хобномаҳои исломӣ мегӯянд, мурдаҳоро дар хоб дидан хосиятҳои гуногун дорад. Инак мутаваҷҷеҳ бошед!
Одам, агар хоб бинад, ки падар, модар, бобо ё бибиаш, ки кайҳо аз олам гузашта буд, зинда шудааст, аз ягон мушкилӣ ё ғаму дарде, ки дер боз азобаш медод, халос мешавад.
Хоб бинед, ки ягон одами наздикатон мурдаасту гиря доред, умри ҳамон шахс дароз хоҳад шуд.
Шахс хоб бинад,ки одами кайҳо аз олам гузашта ӯро бо чӯб ё санг зада истодааст ё ҷангу сарзаниш мекунад, ин маънои онро дорад, ки ягон кораш ба худованд хуш наомадаасту бояд тавба кунад, вагарна ҷазои амалашро хоҳад дид.
Хоб бинед, ки шумо мурда ёфтаед, сарватманд ва бо обрӯ мешавед. Мурда дар хоб бо ягон кори бад машғул бошад, ин як ишорат аст, ки ба зиндагии худ ҷиддӣ назар андохта, хатоҳои худро дарёбед ва ислоҳ шуда, минбаъд аз гуноҳ дурӣ биҷӯед, вале мурда кори нек кунад, маълум мешавад, ки кадом як амали хуби шумо ба худованди карим хуш омадааст.
Дар хоб дидани ҷавон ё духтаре, ки муҷаррад аз олам гузашта буд, фоли нек буда, маънои онро дорад, ки шахси хобдида ба зудӣ издивоҷ хоҳад кард, вале мард ё зани бегонаи оиладор ба хобатон дарояд, шуморо талоқ ё ҷудоӣ аз ягон одами наздикатон интизор аст.
Мабодо хоб бинед, ки падар, модар ё ягон одами дигари бароятон азиз, ки кайҳо мурда буд, бо шумо сӯҳбат дорад ва таъкид мекунад, ки ӯ зинда асту корҳояш хубанд, бидонед, ки ҷойи он маит ҷаннат буда, орому осуда мехобад. Дар хоб бо мурдаҳо гап задан боз як таъбири дигар низ дорад ва ба дароз шудани умри шахси хобдида ишорат мекунад.
Одам хоб бинед, ки бо одами ношиносе, ки кайҳо мурда буд, бӯсобӯсӣ карда истодааст, аз ягон сарчашмаи ғайри интизор даромад ба даст оварда, бой мешавад. Бӯсобӯсӣ кардан бо шахси наздикатон, ки аз олам гузаштааст, маънои онро дорад, ки мероси он шахс насиби шумо хоҳад гашт.
Одам, агар хоб бинад, ки бо мурда ишқварзӣ карда истодааст, ягон орзуи бузургашт, ки ким-кайҳо умедашро аз амалӣ гаштани он канда буд, ҷомаи амал мепӯшад. Марди танҳо хоб бинад, ки зани аз олам гузаштааст, зинда шудаасту бо ӯ ишқварзӣ дорад, тамоми корҳояш бобарор мешаванд.
Мурда ба хобатон даромада бо шумо гап назанад, бинонед, ки он одам аз шумо розӣ аз олам рафтааст ва арвоҳаш мададгоратон мешавад. Мурда ба шумо дар хоб либос, зарф ё ягон чизи дигари тозаву озодаро тӯҳфа кунад, бисёр хуб аст. Чунин хоб фоли нек буда, ба он ишорат мекунад, ки шахси хобдида ба наздикӣ соҳиби чизе мегардад, ки ӯро бисёр хурсанд хоҳад кард. Мурда чизи ифлосро ба шумо диҳад, донед, ки офаридгор аз рафтору кирдори шумо розӣ нест ва бояд аз амалҳои баду фаҳшу ҳаром тавба карда, пайи дарёфти ризои худованд бошед. Хоб бинед, ки мурда бой шудааст, дар он дунё аҳволаш хеле хуб аст. Истиқбол гирифтани мурда дар хоб маънои онро дорад, ки худованд ба сари шумо файзу баракати худро хоҳад рехт.
Мурда дар хоб урён-луч бошад, маълум мешавад, ки дар зиндагиаш ягон кори нек накардааст. Рӯйи одами мурда дар хобатон сиёҳ намояд, маънои онро дорад, ки имони шахси фавтида чандон қавӣ набудааст.
Мурда ба хоби кас даромада, таъкид намояд, ки ба зудӣ аз олам мегузарад, дар ҳақиқат он шахсро марг интизор аст. Хоб бинед, ки ҳамроҳи мурда ба ягон хона даромада, дигар набаромадед, сахт бемор мешавед, аммо ҳаётатон дар сари мӯйе овезон шуда, ранҷу азобҳои бисёре кашед ҳам, оқибат шифо меёбед.
Одам хоб бинад, ки ҳамроҳи мурда дар як ҷогаҳ хобидааст, умраш дароз мешавад.
Дар хоб мурда касро садо кунад, чи хеле, ки ҳамон одам мурда буд, ҳамон тавр аз олам мегузарад. Дар садама мурда бошад, шахси хоб дидаро низ садамаи марговар интизор аст, ба об рафта бошад, ғарқ мешавад ва ғайра...
Хоб бинед, ки одами мурда дар ҳамон ҷое, ки дар зиндагиаш намоз мехонд, ибодат карда истодааст, маълум мешавад, ки ҳолаш дар он дунё чандон хуб нест ва ниёз ба дуои неку хайру садақаи шумо дорад, вале дар ҷойи дигар намоз гузорад, бидонед, ки барои амалҳои некаш дар зиндагӣ худованд мукофоти бузургеро насибаш гардонидааст.
Мурдаро дар масҷид хоб бубинед, руҳаш ором буда, азоб намекашад. Хоб бинед, ки одами мурда дар масҷид имоматӣ карда истодааст ва зиндаҳо аз пасаш намоз мехонанд, умри касоне, ки ҳамроҳаш ибодат мекарданд, кӯтоҳ буда, ба зудӣ аз ин дунё рахти сафар мебанданд.
Хоб бинед, ки чанд одами бузурги, ки аз олам гузаштаанд, якбора зинда шудаанд, ҷое, ки он шахсон вақти дар ҳаёт буданашон зиндагӣ мекарданд, обод шуда, дар он минтақа файзу баракати илоҳӣ меборад ва кору бори роҳбару мардумонаш пешрав мегардад.