Қариб даҳ сол мешавад, ки мо панҷ акову додар дар шаҳри Москав кор карда аз ҳисоби меҳнати ҳалоламон рӯзи зану фарзанд ва волидонамонро мегузаронем.
Азбаски устоҳои гулдастем, корамонро русҳо хеле хуш мепазиранд. Солҳои пеш маблағи хуб ба даст оварда ҳар моҳ ба хонаҳоямон пул мефиристодем ва соле 2 маротиба аз ҳоли зану фарзандонамон хабар мегирифтем, вале буҳрони иқтисодии имсола ҳоламонро табоҳ намуд. Азбаски вазъияти иқтисодӣ дар Русия чандон хуб нест, корҳои таъмиру сохтмониро ба таъхир гузошта, кӯшиш мекунанд, пули зиёд харҷ накунанд.
Кор набошад, пул ҳам намешавад. Имрӯз аксари ҳамватанонамон дар ин кишвар бе кору бе пул овораю сарсонанд, вале занҳои тоҷик инро намефаҳманд ё фаҳмидан намехоҳанд. Дур нарафта ҳамсари худамро мисол меорам, рӯзе нест, ки модари бачаҳо занг зада ин несту он нест гӯён гиряву нола накунад. Каме маблағро барои рӯзи мабодо пасандоз карда будам, маҷбур шуда ҳамон пули охиринамро ҳам фиристодам, то барои кӯдакон либоси мактабӣ харад, вале завҷаам мегӯяд, ки нарху навои бозорҳои Душанбе дар осмони ҳафтум аст, пули фиристодаатон намерасад. Забонаш дароз аст, ки дар хона пиёз нест, картошка нест, эзорҳои кӯдакон шикоф, пул равонам кун, мардак!
Ростӣ, намедонам сарамро ба куҷо занам, охир дар Русия дарахти пул намерӯяд, ки дилат ҳар қадаре хост, чида ба хонаат фиристодан гирӣ. Рӯз то рӯз вазъияти молиявӣ душвортар шуда истодааст, вақтҳое мешавад, ки гурусна хоб меравем, вале касе моро намефаҳмад. Завҷаам баъди се духтар чанд моҳ пеш писари деринтизорамонро ба дунё овард, вале ман то ҳол рӯйи фарзандамро надидаам. Дилам гум мезанад, ки писаракамро бубинам, вале дасти холӣ ба Ватан баргашта наметавонам.
Ҳар шаб Худоро зорӣ мекунам, ки маро ба паррандае мубаддал гардонад, ки лаҳзае ба Тоҷикистон парвоз карда дидори писаракамро бубинам, вале…
Ҷамолиддин