sebiston july new
БО КАЛТАК ЗАДАНД, САНГБОРОН НАМУДАНД, БА ҚАТЛ РАСОНИДАНД
7583

 

Як муноқишаи оилавӣ барои пӯшидани шими ҷинс бо марги духтари 17-сола анҷомид. Барои даст доштан ба ин қазия, пулис чаҳор нафарро боздошт кард.

Дар Ҳиндустон як духтари 17-соларо барои пӯшидани ҷинс бо чӯбдаст ва сангу сим зада куштанд, хабар медиҳад India Today.

Ҳодисаи ҳайратангез ҳафтаи гузашта дар деҳаи Савреҷи Харги иёлоти Уттар Прадеш рух дод. Модар гуфт, ки духтараш Неҳа Пасван пас аз муноқиша бар сари либос шадидан латукӯб шудааст.

"Вай аз субҳ то шом рӯзадор буд. Бегоҳӣ ҷинс ва болопӯш мепӯшид ва пас аз он маросимҳои худро иҷро мекард. Вақте ки бобою бибиаш аз либоси ӯ норозӣ буданд, Неҳа эътироз кард, ки ҷинс барои пӯшидан офарида шудааст ва ӯ мехоҳад бипӯшад", - нақл кард модараш.

Ихтилофҳо ба ҳадде авҷ гирифтанд, ки боиси хушунат шуд. Ба гуфтаи ин зан, духтараш аз ҳуш рафтааст, пас аз он наздиконаш ришка (навъи нақлиёт дар Ҳиндустон - шарҳ аз идора) даъват карда, гуфтаанд, ки ҷабрдидаро ба беморхона мебаранд.

"Нагузоштанд, ки ман онҳоро ҳамроҳӣ кунам", - ба ёд меорад зан. Субҳи рӯзи дигар ҷасади духтарро аз болои пул пайдо карданд.

Тавре ки маълум шуд, марҳум Неҳа будааст. Пулис барои куштор ва нобуд кардани далелҳо парванда боз кард. Пулис гуфт, ки чаҳор нафар - бобои Неҳа, инчунин амакаш ва ронандаи мошин боздошт шуданд.

Модари духтари кушташуда гуфт, ки хешовандон талаб карданд, ки Неҳа таҳсилро дар мактаби маҳаллӣ тарк кунад ва инчунин аксар вақт ӯро барои пӯшидани либоси замонавӣ сарзаниш мекарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД