Худкушии занону духтарон ба мавзӯи доғи ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Сарқонун ва дигар қонунҳои кишварамон озодӣ ва барбарҳуқуқии занону мардонро кафлат додаанд, вале то ба ҳол баъзе оилаҳо бо қонунҳои даврни фиодалӣ зиндагӣ карда, дар симои зан танҳо як каниз-ғуломро мебинанд, ки бояд хизмати аҳли оиларобе чуну чаро ба ҷо оварда, ҳеҷ гоҳ садо баланд накунад.
Набудани ҳурмату эҳтиром нисбат ба зан, хушунату зӯроварии хонаводагӣ, таънаву маломати хушдоману хоҳаршӯй ва дигар аъзоёни оила, мушту лагади шавҳар, дузанагию сезанагӣ, хиёнат ва арӯсбозии иддае аз мардони беандеша боиси аз зиндагии пуразоб безор шуда, даст ба худкушӣ задани занону духтарон мегарданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз пайдо шудани ҷасади боз як зани тоҷик аз дарёи Варзоб хабар додааст.
Хадамоти вижаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳлатҳои фавқуллода шабонарӯзи гузашта ҷасади як ҷавонзанро аз дарёи Варзоб берун оварданд. Дар бораи намудор шудани ҷасад дар оби дарё яке аз кормандони КҲФ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти кишвар ба қисми навбатдорӣ хабар дода, гуфт, ки дар соҳили дарёи Варзоб, дар қаламрави деҳаи Ҷангалаки ноҳияи Варзоб ҷасади зане намудор аст. Ғаввосони Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар гашта, ҷасади ҷавонзанеро аз об берун оварданд, ки ба назар тахминан 20-22 сола менамуд.
Шахсияти ҷасад аниқ карда нашудааст. Маълум нест, ки зан худкушӣ кардааст ё бо амри тасодуф ба дарё афтида, ғарқ шудааст. Ҷасади зан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуда, тафтишти ин қазия идома дорад.