Ҷисми беҷони Тахминаи 21-сола дар беморхонаи пойтахт то сард шуданаш муддати се соат соҳибдараки худро меҷуст, дар ҳоле ки духтараки думоҳааш бо як овоз модари худро мехост.
Аммо ку гӯши шунавое, ки садои тифлак ба гӯшаш расад ё куҷост падару модари ғамхори Тахмина, ки болои сараш ашк бирезанд, куҷост шавҳари меҳрубоне, ки ҳадди ақал зери хокаш кунад. Ҳамеша аз забони бузургон мешунидам, ки Худованд агар соҳибтақдират кунад, сараввал бе падару модарат намекунад. Баъд аз шунидани ин сарнавишт дарк кардам, ки ин гуфта то ҷое ҳақиқат дорад.
Дар ноҳияи Фархор, дар яке аз рӯзҳои сарди зимистон ҳамсари амаки Саттор- Муҳаббат духтарча тавалуд кард. Падар дар бозорҳои пойтахт аробакашӣ менамуд, то пули ночизе пайдо кунаду ҳамсараш пеши касе сар хам накунад. Баъди ба дунё омадани фарзандаш каме маблағ ҷамъ карда, аз бозор як бузича хариду хун карда, духтаракашро Тахмина ном гузошт. Бо вуҷуди сахтиҳои зиндагӣ пас аз Тахмина модараш соҳиби ду духтараки дигар шуд. Саттор ва Муҳаббат касе надоштанд, ҳар ду дар хонаи кӯдакон калон шуда, оила барпо карда буданд. Азбаски зану шавҳар муҳаббати волидонро надида буданд, ҳамеша талош мекарданд ба фарзандон он қадар муҳаббат диҳанд, ки дар қалбашон ҷое барои муҳаббати дигарон боқӣ намонад. Мутаассифона, ин хушбахтӣ дер давом накард. Як субҳи барвақт амаки Саттор сарашро дар сари Тахмина монда, мӯйҳои духтарашро бо дастонаш навозиш карда мегуфт:
-Муҳаббат, нигоҳ кун, Худованд ба мо чӣ қадар духтараки зеборо насиб гардонидааст. Духтари ман маликаи бебаҳост.
Муҳаббат духтараки семоҳааш Ясминаро шир медод ва ба сӯи шавҳараш як табассуми ширине карду гуфт:
-Маро бубашед! Шояд дигар фурсати бахшидан нашавад!- ва сарашро дар дастаи гаҳвора гузошт.
Амаки Саттор аз ин сухани занаш ҳайрон шуда, худ ба худ фикр мекард, ки шояд бо амале занашро ранҷонида бошад. Дар ҳамин хаёл буд, ки садои гиряи Ясмина ба гӯшаш расид ва гуфт:
-Муҳаббат, Ясмина гиря дорад, ту намешунавӣ?
Аммо Муҳаббат аз ҷой намеҷунбид. Шавҳар чанд маротиба Муҳаббат гуфта, садо кард, билохира ба дилаш алоб ғалтида, болои сари занаш омад ва дид, ки Муҳаббат кайҳо ҷонро ба ҷонофарин таслим кардааст. Дар ин айём Тахмина 4-сола, хоҳари дигараш 2-сола ва Ясминаи хурдакак 3-моҳа буданд.
Пас аз ин мусибати сахт падар шабу рӯз кор мекард, кӯдаконро бошад, ҳамсояҳо бо навбат нигоҳ мекарданд. Бар замми бехонагӣ ва пас аз марги ҳамсараш мард саломатии хуб ҳам надошт, вале талош мекард, ки ҳадди ақал барои духтарчаҳояш хонае дошта бошад. Лекин падар низ дар синни 6-солагии Тахмина аз сармохӯрии зиёд ва бемории саратон вафот кард. Барои кӯдакони аз падару модар ятиммонда аз тарафи давлат як порча замин доданд ва боз ҳамон ҳамсояҳои хайрхоҳ бо ёрии ҳамдеҳагон маблағ ҷамъ карда, ба кӯдакони Саттору Муҳаббати аз дунё бо қалби пур аз аламрафта як хонаҳаки назарногире сохта, сари тифлакони ятимро аз зери борону барф дарун карданд. Ҳар рӯз бо навбат яке либосашонро мешусту дигаре хӯрокашон меовард. Ҳатто ҳамсояе барои тифлаки 3-моҳа модар шуда буд ва ҳамин тавр, бо хотираҳои пур аз машаққат ва ашки пинҳонии гулдухтаракони ятими аз муҳаббати падару модар дурмонда Тахминаи зебои падар ба синни 18-солагӣ расид. Ӯ бисёр духтараки зебое шуда буд, лекин мардум аз келин карданаш ҳазар мекарданд. Яке мегуфт, “Худо медонад вай бесоҳиб чӣ гуна тарбия ёфтааст”, дигарӣ “Вай камбағалдухтар чизе надорад, хонаи писари маро бо чӣ пур мекунад” мегуфт, сеюмӣ покдомании духтаракро зери шубҳа мегузошт.
Дар асл Тахмина ба ҷавонияш нигоҳ накарда, тамоми сахтиҳои зиндагиро чашида, барои хоҳаракон модар гашта буд. Ба сару либоси ҳамсинфону дугонаҳояш нигоҳ карда, орзу мекард, ки рӯзе бо ҷавоне хонадор мешаваду ӯ барояш ҳам падар ва ҳам модар шуда, тамоми орзуҳои дилашро амалӣ месозад. Ҳамин тавр, рӯзҳо сипарӣ шуданду ду деҳа болотар ҷавоне ба Тахмина хостгор фиристод. Ҳамсояҳо ҳам фикр карда, ба хулосае омаданд, ки Тахмина духтари қадрас шудаасту бояд хонадор шавад ва ҳар яке мувофиқи имкон ба духтарак ҷиҳози арӯсӣ хариданд. Бо шарофати дастгириву меҳрубонии ҳамсояҳо тӯйи арӯсии Тахминаву Фарҳод баргузор гардид. Модари домод қабл аз тӯй гуфта буд, ки писараш дар Душанбе донишгоҳро хатм карда, айни замон дар пойтахт кор мекунад ва баъд аз чанд муддат занашро ба шаҳр меорад.
Тахмина хеле шод буд, ки акнун хушдоману се хоҳари калонсоли Фарҳод ва шавҳар пушту паноҳаш шудаанд, чунки рӯзҳои аввал аз забони модару фарзандонаш суханони ширин шунида, духтараке, ки муҳаббат надида буд, гӯё ҷанати дунёӣ насибаш гашта бошад, аз шодӣ ашк мерехт.
Баъд аз чанд муддат дӯғу пӯписаҳои хушдоман сар шуд. Аллакай Тахмина ҳомила шуда буду мадори роҳ гаштан надошт ва хушдоман дар миёни ҳавлӣ рост истода, бо садои баланд мегуфт:
-Ин сағерадухтари бекафан дигар аз ҷояш намеҷунбида бошад? Ҳе, падари зери хоката рафта гӯй, бурда, туро табобат кунад, ин касалӣ аз куҷо ба сари писари зебои ман бор шуд?!
Апаҳои Фарҳод низ сухани модарашонро тасдиқ мекарданд:
-Оча, дар вақташ гуфта будем, ки ҳамин наҳса келин накунед, агар қадамаш нек мешуд, дар кӯча калон намешуд!
Тахмина бошад, даруни хона зор- зор мегиристу мегуфт:
-Худоё, ман чӣ гуноҳ кардам, ки дар кӯча калон шудам.
Ҳамин ки охири ҳафта Фарҳод ба деҳа мерафт, модару апаҳояш то нимашабӣ дар гирдаш ҷамъ шуда, занашро бадгӯӣ мекарданд. Ҷавон аз дар даромадан замон ба Тахмина дарафтода, аз мӯйҳои сараш гирифта, ӯро ба дару девор мезад, “бесоҳиб” гуфта, дашном медод. Агар Тахмина назанед гӯяд, шавҳараш бо заҳрханд “то ҷонат баромадан мезанам” мегуфт. “Канӣ соҳибдаракат, ки ба суроғат ояд, мурдаат ҳам дар руйи замин зиёдатӣ аст” гуфта, то дилаш хунук шудан Тахминаро мезад. Ҳамин хел, дигар ӯро ба назди хоҳараконаш ҳам рафтан намонданд, зеро фикр мекарданд, ки арӯсак аз хонаи шавҳараш чизе гирифта, бо худ мебарад. Тахмина хомӯш буду фикр мекард, ки шояд баъд аз таваллуди фарзанд раҳме ба ҷонаш мекунанду зиндагияш ранги дигар мегирад. Вақте духтарчааш ба дунё омад, ҳолаш бадтар шуд. Хушдоман ҳар рӯз “Ин сағерадухтар тарафи модараш рафтагӣ, хонаамонро пур аз духтар мекунад” гуфта, ҳеҷ хомӯш намеистод. Агар тифлак гиря кунад, шавҳар ба сараш мушт мебардошт. Рӯзҳо пайи ҳам бо торикӣ мегузаштанд. Рӯзе Тахмина дар берун машғули кор буд, ки садои духтарчааш ба гӯш расид. Ҳангоми вориди хонаи хоби худ шудан, дид ки шавҳараш бо ҳамсоядухтар дар болои кати хобашон ишқварзӣ дорад. Ҳамсоядухтар аз оғӯши Фарҳод худро раҳо карда, ба берун баромадан хост, ки Тахмина аз дасташ дошта гуфт:
-Ман худ чӣ дорам, ки ту боз духтараки гаҳвораи маро бе падар мекунӣ!
Ҳанӯз ҷавобе нашунида, муште ба сараш чунон зад, ки пеши чашмонаш торик шуду якпаҳлӯ ба замин афтод. Вақте чашмонашро кушод, дар беморхонаи Қарияи Боло хобида буду танҳо сардухтури беморхона аз ӯ суол мекард, ки муносибаташ бо шавҳараш чӣ гуна аст. Дар ҷавоб ба зӯр бо нафастангӣ ҷавоб дод, ки хуб нест ва дигар чизе гуфта натавонист. Духтурон бе ҳамин ҳам, аз бадани пур аз сиёҳию харошидаву даридагияш пай бурда буданд, ки зиндагии хуб надорад. Вақте хоҳари дуюмаш бо як ҳамсояашон ба беморхона омад, сардухтур ӯро ба ҳуҷраи кории худ дароварда, пурсид ки куҷоянд падару модаратон, магар соҳиб надоред, ки апаатонро то дами марг задаанд. Хоҳари Тахмина бо алам тамоми саргузашти талхи худашонро ба сардухтури беморхона нақл кард ва табиби мушфиқ ба духтурони дигар супориш дод, ки барои ба по хезонидани ин духтарак чизеро дареғ надоранд ва тамоми хароҷоти ӯро ба гардан гирифт.
Ҳамин тавр, се рӯз Тахмина дар ҳолати вазнин қарор дошту дигар боре ҳам чашмонашро боз накард. Рӯзи сеюм сардухтур бо табибони дигар болои сари Тахмина нишаста, суҳбат доштанд, ки баногоҳ садои дастгоҳ баланд шуд ва қалбаш аз таппидан бозмонд. Сардухтур дод гуфта, қалби Тахминаро бо дастон молиш медод, “не, номардӣ накун, ҳоло барои мурданат барвақт аст, духтарчаат гурусна аст, ӯ модар мехоҳад” гӯён, ба сари дигар табибон дод мегуфт, ки ӯро наҷот диҳанд. Ин замон як зани миёнасоле, ки дар он ҷо фаррош буду сардухтур ӯро эҳтиром мекард, назди табиб омаду гуфт:
-Бас писарам, ӯро дигар азоб надеҳ, ӯ аллакай рафт, дигар барнамегардад.
Сардухтур назди кати Тахмина нишасту кулоҳи сарашро аз сар гирифта, ба мисли занҳо бо алам гирист ва тамоми духтурон бо ӯ гиря мекарданд. Баъд аз се соате, ки мурдаи Тахмина соҳибдараки худро меҷусту аллакай сард шуда буд, на шавҳар, на хушдомани золим ва на апаҳои меҳрубон боре дари духтурхонаро накушоданд ва боз ҳамон хоҳаракони пураламу ҳамон ҳамсояҳо расида омаданд Рӯйи Тахминаро кушоданд ва мӯйи дарозашро ба рӯи кати хобаш сар доданд ва сардухтур бо ҳасрат ба ҷавонию зебогии у нигариста мегуфт:
-Войи бесоҳибӣ, ки ӯро ҳам соҳиби хок намуд!
Хандазеби.......