Arzon march 2024
МУРДАИ РАҶАБАЛИРО АЗ АСКАРӢ ОВАРДАНД
5830

Ҷасади Раҷабалӣ Назарови 19-соларо, ки ҳамагӣ шаш моҳ пеш ба хизмати модар-Ватан рафта буд, аз аскарӣ оварданд. Дар ин бора Sputnik хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, Раҷабалӣ Назаров сокини деҳаи Каҷровути, ҷамоати деҳоти Исмоили Сомонии ноҳияи Деваштичи Вилояти Суғд буда, шаш моҳ қабл, ҳангоми даъвати тирамоҳии аскарбачаҳо ихтиёрӣ ба аскарӣ рафта буд, аммо ҳамагӣ баъди ним соли адои хизмат ҷисми беҷони аскарбачаро ба зодгоҳаш оварданд.

“Имрӯз ғайриинтизор аз комиссариат занг зада, дар бораи даргузашти Раҷабалӣ Назаров хабар доданд. Баъди чанд лаҳза ҷасади сарбозро низ оварданд”, - гуфтааст яке аз хешвандони аскарбачаи ноком дар сӯҳбат бо журналистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷасади Раҷабалӣ Назаровро кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич ба хонаашон бурда, иллати марги сарбозро дар аз кор мондани гурдаҳояш маънидод кардаанд.
Пайвандони марҳум мегӯянд, Раҷабалӣ аз саломатиаш ягон шикоят надошт ва ҳеҷ гоҳ дар беморхона бистарӣ нашудааст.

Аз касе пӯшида нест, ки қабл аз ҷалб шудан ба хизмати аскарӣ ҷавонон аз комиссияи махсуси тиббӣ гузаронида мешаванд. Агар гурдаҳои Раҷабалӣ Назаров иллат дошта, маҳз бо ҳамин сабаб ин ҷавони 19-сола аз олам гузашта бошад, чаро зимни гузаронидани комиссияи тиббӣ бемориаш ба инобат гирифта нашудааст? Раҷабалӣ Назаров панҷ моҳи аввал дар яке аз қисмҳои низомии дар шаҳри Кӯлоб воқеъ гашта хизмат карда, ҳамагӣ 5 рӯз пеш аз маргаш ба қисми низомии қушунҳои сарҳадӣ ба ноҳияи Мурғоби Бадахшони Кӯҳӣ фирисода шудааст. Агар Назаров воқеан аз дарди гурда азоб мекашид, пас чаро ба ҷойи аскарбачаро дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ намуда табобат кардан ба сарҳад фиристоданд? Акнун ба ин саволҳои бе ҷавоб кӣ ҷавоб мегӯяд?

“Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад” гуфтаанд. Фарзандро тарбият карда ба воя расонидан кори саҳлу осон нест. Барои он ки як тифли маъсум ҷавонмарди баркамоли 18-19-сола гардад, падару модар солҳои сол заҳмат мекашанд, мехӯронанд, мепӯшнанд, мехононанд, тарбият мекунанд, ба умеде, ки фардо писар такягоҳашон гашта, дар дами пирӣ дасташонро мегирад. Магар осон аст, як шоҳписари рустамбозуро бо лаби пурханда ба хизмати аскарӣ гусел кардану баъди шаш моҳ ҷисми бе ҷонашро дар тобут дидан?!
Тасаввур карда метавонед, чи қадар сангин аст, вақте ки модар рӯю мӯйканон, бо нолаи ҷонгудоз ҷомаи домодии бо сад умеду орзуҳои ширни дӯхтаашро рӯйи тобути шаҳбачаи ҷавонмаргаш мепартояд?! Худованд чунин рӯзи сахтро ба касе нишон надиҳед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД