Formula novemver 2024
МУРДА ЗИНДАҲОРО БО ХУД БА ОН ДУНЁ БУРД
8173


Дар наздикии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз як мошини “Лексус” бо 6 сокини ноҳияи Ишкошим ва як тобут ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.

Ба иттилои мақомоти вилояти ВМКБ ҷасади ду мусофири ин мошини чаппашуда пайдо шуда, ҷӯстуҷӯи 4 мусофири дигар идома дорад. Манбаъ таъкид доштааст, ки мошини чаппашуда ҷасади як зани сокини ноҳияи Ишкошимро аз Душанбе ба ин ноҳия интиқол медод.

“Дар мошини тамғаи “Лексус”, ки ба сокини деҳаи Бағуши ноҳияи Ишкошим тааллуқ дошт ва ба дарё сарозер шуд, ҷасади як зан ҳам будааст. Ҳодиса ҳангоми овардани ҷасади зан аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Ишкошим рух додааст”, - таъкид доштааст мақомоти ВМКБ.

Тобути зани фавтидаро ҳамроҳи ҷасади ду мусофир дарёфт намуданд. Айни замон ҷасадҳо дар ноҳияи Дарвоз буда, ба Ишкошим интиқол дода мешаванд.
Таъкид шудааст, ки баъди сар задани ин фоҷиаи мудҳиш тамоми кормандони масъул ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ин рӯйдоди нохуш таҳти назорати мақомоти ВМКБ, ноҳияҳои Дарвоз ва Ишкошим қарор дорад.

Сабаби чаппа шудани мошин бо шаш мусофир ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД