Маҳсулоти лозима:
600 гр гӯшти мурғ, 300 гр пиёз, сода.
Тарзи таҳия:
Гӯшти мурғ ва пиёзи резаро дар равған тар кунед. Ба он 1/3 қошуқча сода илова карда, даҳони зарфро пушида, 5-7 дақиқа нигоҳ доред. Дар ин вақт ба гӯшти мурғ намаку мурч пошида, аз болояш пиёзи резаро тунук кунеду сарпӯши дегчаро маҳкам карда, мурғро муддати 40-45 дақиқа пазед. Як маротиба метавонед ҳангоми пухтани мурғ сарпӯши дегро кушода, хӯрокро омезиш диҳед. Мувофиқи табъи худ метавонед ба хӯрок 1 дона барги ғор (1 лавровый лист) ва каме паприка илова кунед.⠀