Муҳоҷирони тоҷик ба Белгия, Нидерландия
ва Люксенбург фиристода мешаванд
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик имконияти ба Белгия, Нидерландия ва Люксенбург ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро пайдо мекунанд. Дар ин бора байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Идораи корҳои дохилӣ ва Идораи муҳоҷирати Хадамоти федералии давлатии корҳои дохилии Подшоҳии Белгия моҳи ноябри соли 2025 Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, айни замон дар марҳилаи гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ қарор дорад.
Тавре ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар гузориши матбуотии худ хабар додааст, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Белгия, Нидерландия ва Люксенбург дар бахши кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шуда метавонанд.