Депутатҳои Думаи давлатии Россия баъзан бо пешниҳодҳои аҷиби худ касро дар ҳайрат мегузоранд. Онҳо ба Дума пешниҳод намудаанд, ки масъалаи ба таври ҳатмӣ аз ташхиси ДНК гузаронидани тамоми муҳоҷирони меҳнатиро қонунӣ гардонанд.
Султон Хамзаев, депутат аз ҳизби “Единая Россия” ба Думаи давлатӣ пешниҳод намудааст, ки масъалаи аз ташхиси ДНК гузаронидани тамоми муҳоҷирони меҳнатиро дида бароянд. Ин намояндаи ҳизби ҳукмрони Россия мегӯяд, тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки мехоҳанд дар қаламрави Федератсияи Россия кор ва зиндагӣ кунанд, баробари вуруд ба кишвар бояд ба таври ҳатмӣ аз ташхиси ДНК гузаранд ва натиҷаҳои ташхиси генетикиашон дар бойгонӣ нигоҳ дошта шавад. Айни замон танҳо шаҳрвандони хориҷие, ки ягон ҷиноят содир намудаанд, аз чунин ташхси гузаронида мешаванд, вале лоиҳаи қонун дар бораи ба таври ҳатмӣ аз ташхиси ДНК гузаронидани тамоми шаҳрвандони хориҷӣ дар Россия аллакай аз ҷониби ин намояндаи ҳизби “Единая Россия” ба Думаи давлатӣ пешниҳод шудааст.
"Аз ташхиси ДНК гузаронидани тамоми шаҳрвандони хориҷӣ ва дар бойгонӣ нигоҳ доштани натиҷаи ташхиси муҳоҷирони меҳнатӣ ба назари ман як амали маъмулӣ аст ва ин таҷриба дар чандин давлатҳо вуҷуд дорад. Гап дар сари бехатарӣ, аз ҷумла бехатарии худи шахс меравад. Ҳолатҳое мешаванд, ки баъди сар задани ягон фалокат инсонро ҳатто шинохта намешавад” гуфтааст Хамзаев ба Риа-Новости.