toyota motors
Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт карда, баъд ба Русия мераванд
88

Муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқ пайдо карданд, ки тамоми ҳуҷҷатҳояшонро дар Тоҷикистон тахт намуда, баъдан ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Русия “Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар ҳудуди Русия” ба имзо расида, парлумони Тоҷикистон рӯзи 8-уми апрел ин ҳуҷҷатро мавриди баррасӣ қарор дод ва тасдиқ намуд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар минбаъд дар асоси ҳамин ҳуҷҷат расмиёти пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатиро дар дохили кишвар анҷом дода, ҳуҷҷатҳои лозимаро тахт мекунад ва онҳоро ба таври муташаккилона барои кор ба Русия мефиристад.

Тавре вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хонум Солеҳа Холмаҳмадзода гуфтааст, мақсад аз таҳияи ин ҳуҷҷат ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад. Вазир таъкид кардааст, ки дар асоси протоколи мазкур минбаъд шахсоне, ки нияти ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд, метавонанд дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузашта, маълумотнома бигиранд, ташхиси изи ангуштонро анҷом диҳанд, имтиҳонҳои забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русияро дар Ватан супурда, баъдан ба таври муташаккилона ба дилхоҳ минтақаи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Дар ин сурат, муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баъди вориди Русия гаштан танҳо иҷозатномаи корӣ, яъне патент гирифта, ба кор оғоз менамоянд.

Ногуфта намонад, ки дар доираи созишномаи мазкур муҳоҷирон пеш аз сафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуда, касбҳои заруриро меомӯзанд ва сатҳи тахассусашон ба талаботи бозори меҳнати Русия мутобиқ кунонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД