sebiston july new
Муҳоҷирони ба чанг афтодаро рост ба “Военкомат” мебаранд
660

Дар маркази шаҳри Санкт-Петербурги Россия кормандони мақомоти қудратии ин кишвар боз “рейд” гузаронида, 120 нафар муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷиеро, ки шаҳрвандии Россияро қабул карда бошанд ҳам, то ҳол ба хизмати ҳарбӣ нарафта буданд, боздошт намудаанд.

Қисме аз боздоштшудагонро рост ба комиссариати ҳарбӣ бурда, ба дасташон даъватномаи ҳарбӣ супурдаанд. Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба ГУ МВД Россия хабар додаанд.

Амалиёт дар бозори «Апраксин двор» гузаронида шудааст, ки дар маркази шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир мебошад. Тавре ки Газета.ру навиштааст, дар рафти ин амалиёт ҳуҷҷатҳои зиёда аз 120 нафарро тафтиш намуданд, ки қисме аз онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ва қисме шаҳрвандони хориҷие буданд, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабул кардаанд, аммо аз хизмат кардан дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Россия мегурехтанд. Гуфта мешавад, ки аз 120 нафар боздоштшудагон 80 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ буда, 20 нафарашон бо вайрон кардани қонунҳои муҳоҷиратӣ ва қоидаҳои будубош дар Россия кору зиндагӣ мекардаанд. Айни замон тақдири ин муҳоҷирон ҳал карда мешавад. Муҳоҷиронеро, ки шаҳрвандии Федератсияи Россияро қабул карда буданд ва синну солашон ба хизмати ҳарбӣ мувофиқат мекард, ба комиссариати ҳарбӣ бурда ба дасташон даъватномаи ҳарбӣ супурдаанд.

Дар рафти амалиёт ҳамчунин мошинҳоро кофтукоб карда, 38 қуттӣ икраи сурх пайдо намудаанд. Маҳсулот барои санҷиш ба лаборатория фиристода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД