Arzon march 2024
Муҳоҷирон маҷбуранд, ки Русияро тарк намоянд
907


Бо сабаби боло рафтани нарху наво дар Федератсияи Россия аксари муҳоҷирони меҳнатӣ, хоса муҳоҷироне, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, маҷбуранд, ки Русияро тарк намуда, ба мамолики дигар рӯ оваранд.

Тибқи тадқиқоте, ки aif.ru гузаронидааст, аксари муҳоҷирони меҳнатӣ имрӯз дар Россия бо мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Боло рафтани нарху наво, қимат шудани маводи хӯрока ва торафт паст шудани қурби пули русӣ муҳоҷиронро ба он водор менамояд, ки Русияро тарк намуда, роҳҳои дигари ба даст овардани даромадро ҷустуҷӯ намоянд.

Ба хотири пайдо кардани кор дар кишварҳои дигар муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна забонҳои хориҷиро омӯхта истодаанд ва роҳҳои ба давлатҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро ҷустуҷӯ мекунанд.

Аз ҷумла як муҳоҷири ӯзбек бо номи Алишер дар сӯҳбат бо rosbalt.ru гуфтааст, ки вай муддати 15 сол инҷониб дар Русия дар сохтмон кор мекунад ва ҳар моҳ ҳудуди 100 ҳазор рубл даромад ба даст меорад.

Пештар ин пули калон буд, вале вақтҳои охир бо сабаби қимат шудани маводи хӯрока, иҷорапулӣ ва патент қисми зиёди пули кор мекардааш сарфи хароҷотҳои худаш гашта, барои ба хона фиристодан маблағи ночизе боқӣ мемонад. Айни замон ӯ забони арабиро омӯхта истодааст, то ки ба кишварҳои арабӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, даромади бештар ба даст оварад.

Муҳоҷирони тоҷик низ дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигари даромад ҳастанд ва талош мекунанд, ки Русияро тарк намуда, ба Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ ё Аморати Муттаҳидаи Араб ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД