Дар Твер як муҳоҷири тоҷик 4 фарзанди ноболиғашро бераҳмона ба қатл расонидааст. Пас аз куштори ваҳшиёнаи кӯдаконаш мард қасди худкушӣ намуда, ба худаш осеби вазнини ҷисмонӣ расонидааст.
Падари фарзандкуш айни замон дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дорад ва бо ёрии дастгоҳи махсуси тиббӣ бо роҳи сунъӣ нафас мегирад, вале пулис алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштори кӯдакони ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
Ин ҳодисаи ваҳшатнок дар як бӯстонсарой (дача)-и маҳаллаи «Межурка 1»-и ҳудуди Твер рӯй дода, дар арафаи Соли нави мелодӣ муҳоҷири 37-солаи тоҷик, ки ба наздикӣ соҳиби шаҳрвандии Русия гаштааст, шабона 4 фарзанди ноболиғашро ба қатл расонидааст. Кӯдакони кӯшташуда 3 нафарашон писарчаҳои 3, 5 ва 7-сола буда, тифли чоруми ба дасти падар кушташуда духтарчаи якунимсола будааст.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ ин оилаи муҳоҷир соҳиби 6 фарзад будаанд, вале шаби рӯй додани ин ҳодисаи ваҳшатнок ду фарзанди калонии онҳо ба хонаи кадом хешашон меҳмонӣ рафта, хушбахтона зинда мондаанд.
Гуфта мешавад, ки марди фарзандкуш дар ин бӯстонсарой ҳамроҳи бародараш зиндагӣ мекардааст. Нимашаб садои доду фиғонро шунида, бародараш ҳамроҳи занаш аз ошёнаи дуюм ба поён мефароянд ва шоҳиди манзараи ваҳшатнок мегарданд. Мард алакай фарзандонашро аз ҳаёт маҳрум намуда, бо мақсади худкушӣ бо корд гулӯяшро мебуридааст. Наздиконаш базӯр ӯро нигоҳ дошта, ба пулис ва “Ёрии таъҷилӣ” хабар додаанд.
Ҳамсояҳо гуфтаанд, ки зоҳиран мард хеле оромтабиат ва падари ғамхору меҳрубон менамуд, дар оилаи онҳо ҳеҷ вақт ҷангу ҷанҷол ва хархашаву моҷаро рӯй надода буд, аз ҳамин хотир касе рӯй додани чунин ҳодисаи мудҳишро дар ин хонавода ҳатто ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард.
Аммо бародари марди ба фарзандкушӣ муттаҳамшуда дар суҳбат бо пулис гуфтааст, ки чанд рӯзи охир ҳоли бародараш хуб набуд, соатҳо ба як нуқта нигоҳ карда хомӯш менишаст, баъд якбора ба шикоят кардан медаромад, ки онҳо ӯро намефаҳманд, вале ба ин рафтораш аҳамият надоданд.
Айни замон равоншиносон ба модари кӯдакони кушташуда кумаки равонӣ расонида истодаанд, худи мард зинда мемонад ё не, маълум нест.
Сабаби ба чунин амали ваҳшиёна даст задани марди тоҷик дар ғурбат ҳанӯз муайян нашудааст.