Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муҳоҷири кӯчарӯби ӯзбек Хайрулло Ибодуллоевро барои наҷот додани ҷони як кӯдаки 7-сола аз марг дар шаҳри Петербурги Россия бо медали “Ҷасорат” сарфароз гардонидааст.
Навори видеоии қаҳрамонии муҳоҷири тоҷик дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта буд. Дар навор Хайрулло нақл мекунад, ки чӣ тавр ҳангоми кӯчарӯбӣ назараш ба кӯдаки хурдсоле афтод, ки дар назди тирезаи кушода бозӣ мекард. Баногоҳ кӯдак аз тиреза сарозер меафтад, вале Хайрулло сари вақт ба имдод шитофта, кӯдакро дошта мегирад ва ҳарду ба замин меафтанд. Дасти муҳоҷири ӯзбек шикаста, зарб хӯрда бошад ҳам, ба кӯдак ёрии аввалин расонида, ӯро бардошта то назди консерж бурдааст.
Писарбачаи аз ошёнаи баланд афтода фарзанди блогери машҳур Надежда Амрани буда, бо шарофати ин муҳоҷири қаҳрамони ӯзбек зинда монд.
“Барои ҳаёт ва саломатии худро дар хатар гузошта, дар ҳолати фавқулода ва вазнине, ки дар шаҳри Санкт-Петербург ба вуқуъ пайваст, ҷони кӯдаки аз бинои бисёрошёна афтодаро наҷот додан ва нишон додани ҷасорат, мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва фидокорие, ки ба халқи мо хос мебошад, Ибодуллоев Хайрулло Сайдуллоевич бо медали «Ҷасорат» мукофотонида шуд»,- навиштааст дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.