Formula novemver 2024
“Муҳоҷирати бехатар” бубин, бифаҳм ва ёд гир!
3540
“Муҳоҷирати бехатар” бубин, бифаҳм ва ёд гир!

 

“Соли 2018 шавҳарам маро бо худ ба Федератсияи Россия бурд. Нархи хонаи иҷора хеле қимат буд, барои ҳамин ман хостам духтарчаамро ба ягон боғчаи бачагона дода, ба кор даромада дар кашидани бори зиндагӣ ба шавҳарам ёрӣ расонам.

Бо шавҳарам маслиҳат карда, даводави бисёре кардем ва ҳуҷҷатҳои духтарчаамро тахт карда, кӯдакро дар боғча ба навбат гузоштем, вале қариб як сол навбат поида бошем ҳам, ҳеҷ навбатамон нарасид.

Соли 2019 пандемияи каронавирус сар шуд ва аввалҳои соли 2020 қатори дигар оилаҳои муҳоҷири тоҷик мо ҳам ба Ватан баргаштем. Ҳамон шабу рӯзҳо ман ҳомиладор будам ва баъди ба Тоҷикистон баргаштанамон ӯ вафот кард”.

Ин қиссаи сарсониҳои зани тоҷик аст, ки дар муҳоҷират рӯ ба рӯ шудааст. Мушкилиии асосии ӯ надонистани забони русӣ аст, ки бо сабаи он духтарчаашро дар боғча қабул намекунанд ва ҳамин тавр аз ҳамсолонаш ду сол қафо мемонад.

Сарнавишти ин қаҳрамони мо шояд мушкилии даҳҳо зани тоҷик аст, ки фарзандонашон қурбонии бемаълумотӣ мегардад.

Сомонаи oila.tj вобаста ба мавзӯи мазкур тасмим гирифт, то барномеро бо иштироки намояндагон ва мутахассисони самти муҳоҷират роҳандозӣ намуда, то андозае тавонад дар ҳалли мушкилии муҷорони меҳнатии тоҷик саҳми босазое гузорад. Барномаи мазкур низ аз силсила барномаҳои Муҳоҷирати бехатар мебошад, ки ба мавзӯи хеле муҳим-кӯдакон ва муҳоҷират бахшида шуд.

Вақте ки кӯдаки 10-соларо ба синфи 1 мегиранд, ҳолаш чӣ мешавад?

Масхараи ҳамсолон ва азоби рӯҳии кӯдакони тоҷик дар муҳоҷират!

 Саргузашти як зани тоҷик, ки ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ фарзандашон 3 сол аз мактаб мондааст. Кӯдаконро бо худ ба муҳоҷират бурдан беҳтар аст ё дар тарбияи хешу табор монда рафтан? Баҳсу мунозираҳои ҷолиб дар мавзӯи мушкилоти кӯдакони муҳоҷир!

Дар барномае, ки пайванданшоро гузоштем, https://www.youtube.com/watch?v=nwjqOA_hvAM&t=635s шумо низ ворид гашта роҳҳои ҳалли онро аз мутахассисон хоҳед пайдо кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД