arzon replenishment
Муҳоҷирони меҳнатӣ дар кадом муассисаҳои Россия имтиҳон месупоранд?
1606

 

Ҳукумати Россия рӯйхати муассисаҳои давлатиеро тартиб додааст, ки ҳуқуқи аз муҳоҷирони меҳнатӣ имтиҳон гирифта, ба онҳо сертификат доданро доранд. Дар ин бора расонаҳои русӣ дар такя ба портали расмии интернетии ахбороти ҳуқуқӣ хабар додаанд.

Мувофиқи ин рӯйхат 92 муассисаи давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар аз муҳоҷирони меҳнатӣ имтиҳони забони русӣ ва таъриху ҳуқуқи Россияро гирифта метавонанд.

Дар пойтахти Россия шаҳри Маскав ҳуқуқи гирифтани имтиҳон ба Маркази сифати таълими Москва (Московский центр качества образования) дода шудааст, ки метавонад дар Тоҷикистон низ аз муҳоҷирон имтиҳон бигирад.

Дар вилояти Маскав аз муҳоҷирон дар ду суроға-Подольск ва маҳаллаи Новоивановское имтиҳон гирифта мешавад.

Дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград РГПУ ба номи А.И. Герцен, дар Калининград БФУ ба номи Иммануил Кант, дар Екатеринбург УрФУ ба номи Б.Н. Ельцин аз муҳоҷирон имтиҳон қабул мекунанд.

Ба ғайр аз 92 муассисаи давлатӣ, ки ба ин рӯйхат ворид карда шудаанд, дигар ягон ширкат, ташкилот ё донишкада ҳуқуқи аз муҳоҷирон имтиҳон гирифтан ва ба онҳо сертификати донистани забони русӣ ва таъриху ҳуқуқи Россияро додан надорад.

Солҳои охир супурдани имтиҳон дар Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик торафт душвортар шуда истодааст. Ба таври мисол соли равон шумораи шахсоне, ки аз имтиҳонҳо афтиданд то 30% афзудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД