Дар робита ба ҷорӣ шудани вазъияти ҷангӣ дар Кореяи Ҷанубӣ сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар аз тоҷикистониёни дар Куриё буда хоҳиш кардааст, ки оромии худро ҳифз созанд ва аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намоянд.
Сафорати Тоҷикистон дар Куриё бо нашри як муроҷиатнома аз зодагони Тоҷикистон, ки дар Куриёи ҷанубӣ ҳастанд, хоҳиш кардааст, ки тавсияҳои мақомоти маҳаллиро риоя кунанд.
Дар хабар омадааст, ки дар ҳолати фавқуллода шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар ҳастанд, метавонанд ба сафорат муроҷиат намоянд. Сафорат ҳамзамон рақами телефонҳоеро нашр намудааст, ки дар ҳолатҳои фавқуллода ба ин рақамҳо занг задан мумкин аст: 02-792-2535 ва 01029832211
Ёдрас мешавем, ки имрӯз президенти Куриёи Ҷанубӣ Юн Сок Ёль мухолифинро дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея гунаҳкор намуда, дар кишвар ҳолати ҷангӣ эълон кард, аммо қисми зиёди депутатҳои парлумони ин кишвар ба муқобили эълон кардани ҳолати фавқуллода баромаданд.