Formula novemver 2024
Муҳоҷират бароям падар гашту...
26.12.2024
ОИЛА.ТҶ
1964

Салом! Ман як ҷавони муҳоҷири тоҷик, аз шаҳри Тюмен, мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ки ба дигар ҷавонони мисли худам бе пушту паноҳ дарси ибрат гардад ва дар зиндагӣ рӯҳафтода нашаванд.

Падарро қиблагоҳи фарзанд мегӯянд, аммо падари ман аз зумраи он мардони ҳавасбозе ҳаст, ки ҳаргиз дар фикри оила ва фарзандонашон нестанд. Ин тоифаи мардон айшу нӯши худро аз ҳама боло медонанд ва ҳаргиз дар фикри тақдири ояндаи ҷигарбандонашон нестанд. Барои онҳо фарқ надорад, ки ояндаи кӯдаконашон чӣ мешавад. Табиист, ки фарзандони чунин мардон падардори бе падар ҳастанд. Яке аз он падардорони бе падар ман ҳастам. Ҳамагӣ 4 сол доштам, ки падару модарам аз ҳам ҷудо шуданд. Мо хонаву дар надоштем, як умр иҷора ба иҷора мегаштем, вале падарам оилаи худашро хӯрондаву пӯшонда натавонад ҳам, боз дар болои модарам зан гирифт. Косаи сабри модарам, ки як умр либоси кӯҳнаи дигаронро мепӯшид ва бо нони дари мардум шиками мо-ду фарзандашро сер мекард, лабрез гашт ва аз падарам талоқ талаб намуд. Падарам ҳам маътали ишорат будааст, ки дарҳол ҷавоби модарамро дод ва моро оварда, дар хонаи бобою бибиам партофта рафт. Дар хонаи бобою бибӣ зистан хеле сахту душвор аст. Инро танҳо онҳое мефаҳманд, ки мисли мо азоби зиндаятимӣ ва мӯҳтоҷи дари мардум гаштанро кашидаанд. Бибиам қасди падарамро аз мо-ду кӯдаки бегуноҳ мегирифт ва рӯз то бегоҳ моро дашном медоду дуои бад мекард. Дар ҳамин замонаи серию пурӣ нони серӣ намехӯрдем. Аксар вақт бибиам “ин сағераҳо ҳеҷ сершавӣ надоранд” гӯён, нонро қулф мекард. Хайрият, ки ба бахти мо-ятимакон янгаам духтари хуб буд ва дилаш ба ҳоли зорамон сӯхта, вақтҳое, ки бибиам ба ягон ҷо меҳмонӣ мерафт, пинҳонӣ ба мо нон ва хӯроки серӣ дода, сарамонро сила мекард. Бо айби падарам чӣ рӯзҳои сахту сиёҳеро, ки аз сар нагузаронидем, шаттаву шаллоқ хӯрдем, гуруснаву ташна мондем, дашному ҳақорат фаҳмидем, вале намурдем. Ман синфи 7 мехондам, ки модарамро ба як марди пир ба шавҳар доданд. Паиндарам ваъда дода буд, ки барои модарам хонаи алоҳида сохта медиҳад ва моро мисли фарзандони худаш нигоҳубин мекунад, вале бачаҳояш аз рӯзҳои аввал ба мо рӯйи хуш надоданд. Онҳо ба мо ва модарам мисли душман нигоҳ мекарданд ва пайти муносиб ёфта, моро озор медоданд. Чанд маротиба бачаҳои паиндарам маро чунон бераҳмона латукӯб карданд, ки ногуфтаноӣ. Модарам зор-зор гиря мекард, вале роҳи дигар надошт, зеро падару модараш дар назди вай шарт гузошта буданд, ки агар аз ин шавҳараш ҳам ҷудо шавад, оқаш мекунанд. Модари аз ҳаёт наосудаам ночор ба ҳамааш тоқат мекард. Билохира фарзандони паиндарам дар назди падарашон шарт монда гуфтанд, ки талоқи модари маро диҳад ё бо занаш баромада равад. Паиндарам номардӣ накард ва хонаеро иҷора гирифта, ҳамроҳи мо ва модарам иҷоранишин шуд. Барои як марди калонсол пардохти пули иҷора ва таъмини зиндагӣ бениҳоят душвор буд, аз ҳамин сабаб баъди хатми синфи 9 мактабро тарк намуда, роҳи Русияро пеш гирифтам. Касеро намешинохтам, дар мули рус ягон такягоҳ ва ошно надоштаму ба қавли мардум азоби сагро кашидам, вале нангу номус карда, ба ҳама сахтиҳое, ки ба сарам меомаданд, тоқат мекардам. Оҳиста-оҳиста дар бадали 4-5 сол роҳи корро ёд гирифтам. Аввал дар як сохтмон кор мекардам, баъд хонда, ҳуҷҷати ронандагӣ гирифтам ва ронандаи кран шудам. Ронандагони кран пули калон мегиранд. Бо шарофати ҳамин касб дар мулки рус пули хуб кор карда, дар Тоҷикистон як порча замин гирифтам ва хонаи зебои дуошёна сохта, модару паиндарамро аз ранҷу азоби иҷоранишинӣ халос кардам. Соли гузашта тӯй карда, хонадор шудам. Ду моҳ пеш ҳамсарам якбора ду писари дугоник ба дунё оварда, сари маро ба осмон расонд. Шукир Худо, ҳоло зиндагиам хуб аст. Ҳар моҳ ба хона барои модару ҳамсарам пул равон мекунам.

Ана ҳамин тавр, падарам ба мо падарӣ накарда бошад ҳам, муҳоҷират барои ман падар гашт. Тавонистам дар мулки мардум ҳалол меҳнат карда, зиндагиамро тағйир диҳам ва модарамро аз ранҷу азоб халос кунам. Синну соли хоҳаракам ба 20 расидааст ва насиб бошад, имсол ӯро ба шавҳар медиҳем. Мехоҳам тӯйи хоҳарамро бисёр пуршукӯҳ ва зебо гузаронам, то касе дар оянда ӯро сағерадухтари пойлуч гуфта, таъна назанад.

Насиб бошад, тӯйи хоҳарамро гузаронам, баъд барои худам ягон мошин мехарам ва минбаъд дар Ватан кор карда, зиндагии аҳли оилаамро пеш мебарам.

Ба ҷавонони мисли худам падардори бепадар ва бетакягоҳу бе пушту паноҳ гуфтаниям, ки ҳаргиз рӯҳафтода нашаванд, чунки Худованд ҳеҷ касро бе ризқу рӯзӣ наофаридааст. Ҳалол меҳнат кунанд, албатта ба тамоми орзую ҳавасҳои худ мерасанд. Боқӣ, дар паноҳи Худо бошед!

САЛИМҶОН, аз ш. Тюмен

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД