Arzon march 2024
Муҳоҷир пули телефонро насупорад, аз Русия депортатсия мекунанд?
19.01.2025
ОИЛА.ТҶ
634

Салом! Ман ҳам ба мисли аксари ҷавонмардони тоҷик ҳар сол боз ба Русия мардикорӣ меравам. Азбаски маълумоти олӣ ва касбу ҳунар надорам, бештар дар сохтмонҳои шахсӣ кор мекунам. Патент сол то сол қиматтар шуда истодааст, аз ҳамин сабаб гоҳ патент мегираму гоҳи дигар бе ягон ҳуҷҷат кор мекунам. Насиб бошад, имсол низ моҳҳои март-апрел боз ба Русия сафар карданиям, вале як хешамон мегӯяд, ки қонунҳои ин кишвар дигар шудаанд ва акнун натанҳо барои бе ҳуҷҷат кор кардан, балки ҳатто барои пули телефонро пардохт накардан, муҳоҷиронро “депортатсия” карда метавонанд. Мехоҳам донам, ки суханони ӯ ҳақиқат доранд ё не?

АБРОР, аз Муминобод

Посух:

- Бародари азиз! Дар ҳақиқат Федератсияи Россия чандин қонуну қоидаҳои нави муҳоҷиратӣ қабул кардааст, ки аллакай аз оғози соли нав дар амал татбиқ карда мешаванд.

Аз ҷумла, рӯзи 30-декабри соли 2024 президенти Россия Владимир Путин фармони наверо имзо намуд, ки мувофиқи он шаҳрвандони хориҷии дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекардагӣ, бояд ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароварда, кору фаъолияташонро қонунӣ гардонанд, ё аз қаламрави ин кишвар берун шаванд. Барои ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо танҳо то охири моҳи апрели соли 2025 муҳлат дода шудааст.

Муҳоҷирони меҳнатие, ки мехоҳанд кору фаъолияти худро дар Русия идома диҳанд, бояд то моҳи апрел худро дар маркаҳои муҳоҷиратӣ сабти ном кунанд, иҷозаи истиқомат гиранд, қайди макони зист ва суғуртаи тиббӣ дошта бошанд, маълумотҳои биометрии худро пешниҳод созанд, ва имтиҳонҳои пешбинишударо супурда, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва таъриху ҳуқуқи Россияро бигиранд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ набояд аз пули телефону пардохти ҷарима ва хадамоти дигари давлатӣ қарздор бошанд, дар акси ҳол аз қаламрави Россия ихроҷ, яъне депортатсия карда мешаванд.

Шахсоне, ки нияти ба Русия коркунӣ рафтан доранд, ҳатман бояд муҳоҷирати худро қонунӣ гардонанд, яъне аз ташхиси изи ангуштон-дактилоскопияро гузаранд, патент гиранд, қайди макони зист дошта бошанд, имтиҳонро супурда, ҳуҷҷати донистани забони русӣ ва таъриху ҳуқуқи Россияро гирифта, бо корфармо шартномаи меҳнатӣ банданд ва дигар ҳуҷҷатҳои худро ба тартиб дароварда, фаъолияти меҳнатӣ ва зисту зиндагиашонро дар ин кишвар ба расмият дароранд. Барои осонтар шудани коратон шумо метавонед ба Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки дар бинои Хадамоти муҳоҷират, дар шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст, муроҷиат намоед.

Дар он ҷо шуморо ба қайд гирифта, барои ёфтани кори муносиб дар Русия ёрӣ медиҳанд. Даҳҳо ширкатҳои Русия барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дархост пешниҳод кардаанд. Шумо, агар бо воситаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он бо яке аз чунин ширкатҳо шартнома баста ба кор равед, тамоми хароҷотҳои сафарро худи корфармо бар уҳда гирифта, ҳуҷҷатҳоро тахт мекунад, ва шумо бо хотири ҷамъ кор карда метавонед. Бештари ширкатҳо муҳоҷиронро бо ҷойи хоб, яъне хобгоҳ таъмин мекунанд, ки мушкилии дар куҷо ба қайд гузоштан пеш намеояд. Бархе аз ширкатҳо ба муҳоҷирон сару либоси корӣ ва хӯроки гарм низ, медиҳанд. Умуман, ин роҳи хеле хуби муҳоҷирати қонунӣ ба Русия мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД