arzon replenishment
Муоинаи тиббӣ барои никоҳшавандагон пулакӣ аст?
02.04.2023
Оила
861

 

Ба саволҳои хонандагони «Оила» Адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.

Чанд соли охир то аз духтур нагузарӣ, барои бастани ақди никоҳ иҷозат намедиҳанд. Мехоҳам донам, ки мувофиқи қонун аз муоинаи тиббӣ гузаштани шахсони никоҳшаванда пулакӣ аст ё ройгон?
Дилшода, шаҳри Панҷакент.

Посух

Мувофиқи талаботи Кодекси оила шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд. Машваратдиҳи оид ба тарзи солими ҳаёт, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доими мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД