Муоина ба воситаи "Сфинктерометр АДИМС" то 65 фисади беморони модарзодии кӯдаконро коҳиш додааст.
Аламхон Ахмедзода, муовини ректор оид ба илм ва иноватсияи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ ин нуқтаро дар нишасти хабарии имрӯза қайд карданд.
Ихтироот оид ба "Тарзи нави ҷарроҳии эписпадияи модарзодӣ дар кӯдакон" ва "Усули нави сфинктеропластика дар кӯдакон дар ҳолати сустшавии сӯрохии маъқад" дар якҷоягӣ бо олимони МДТ Донишгоҳи техникаи Тоҷикистон барои гузаронидани ташхис ва табобати нуқсони модарзодии аноректалӣ карда шуд.
Олимони ҷарроҳии атфоли Маркази клиникӣ илмӣ -таълимии назди донишкадавӣ бо раҳбарии ҷароҳии атфол доктори илми тиб, профессор Ҳабибулло Ибодов аввалин маротиба амалиёти тарзи бартарафсозии деформатсияи модарзодии даҳонмонанди қафаси сина бо усулҳои нави ҷарроҳӣ гузаронида шуд.