arzon replenishment
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дастаи Уммонро мағлуб кард
241

Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025, ки дар Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, бар ҳамсолони худ аз Уммон ғалаба кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, вохӯрӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи наврасони мо анҷом ёфт. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Зариф Зарифзода ва Назрулло Ашурализода заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳӣ дастаи наврасони то 17-солаи Эрон ва Кореяи Шимолӣ 1 бар 1 мусовӣ бозӣ карданд. Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “D” мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз садрнишин аст. Эрон ва Кореяи Шимолӣ 1-имтиёзӣ доранд ва Уммон бидуни имтиёз аст. Дар даври дуюм, рӯзи 8-уми апрел Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ ва Эрон ва Уммон бозӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои наврасони то 17-сола аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад. Ҳама дастаҳое, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд, соҳиби роҳхати Ҷоми Ҷаҳон-2025 мешаванд, ки дар Қатар доир мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД