Sebiston new 2024 october
МУНОҚИШАИ ОШИҚИ ҶАВОНУ МАЪШУҚИ ПИР БА КОРДЗАНӢ АНҶОМ ЁФТ
4132

 

Дар Хуҷанд як занро бо гумони кордкашӣ дасгир кардаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 51-солаи сокини шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.

Тавре дафтари матбуотии ВКД менависад, ҳодиса ҳанӯз 12 феврал тақрибан соатҳои 10:30 субҳ рух додааст.

Гуфта мешавад, зани гумонбаршаванда дар хонаи муваққатан истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамзисташ марди 39-солаи сокини ҳамон ҷо, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол кардааст.

Сипас бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба қафаси синааш задаст.

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - менависад ВКД Тоҷикистон.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД