arzon replenishment
МУНИСА РИЗОЕВА ВА ОИЛААШ МУБТАЛОИ COVID-19 ШУДАНД
1849

 

Овозхони 33-солаи ӯзбек Муниса Ризоева ҳамроҳи падару модараш ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд, менависад, хабаргузории “UPL 24”. Баҳодур Ризоев, падари овозхон дар хона ва худи Муниса ҳамроҳи модараш Дилором Бӯрихоҷаева дар беморхона табобат мегиранд.

Муниса Ризоева чанд муддат буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоии худ аз таби баланд ва табларза шикоят мекард, аммо тестҳои пай дар пайи ӯ оид ба COVID-19 ҷавоби манфӣ медоданд. Овозхон аз беҳолӣ ва ҳарорати баланд ба танг омада, бори чорум тест супорид ва ин навбат ҷавоби мусбӣ гирифт. “Ба ташхис бовар накунед. Ман ҳарчанд таби баланд ва табларза доштам, аммо тест нишон медод, ки дар вуҷуди ман вирус нест.

Баробари ҳис кардани нишонаҳои ин беморӣ аз пайи табобат шавед. Ҳамарӯза ба беморхона аз 1000 то 2000 нафар беморон муроҷиат мекунанд. Табибон кам, ба ҳама расида наметавонанд. Одамон дар долони беморхона ҷон дода истодаанд”,-овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш аз ҳоли худу шароити бемористон қисса кардааст. Дар идома ӯ аз ҳамаи мардум даъват кардааст, ки қоидаҳои бехатариро риоя карда, ҷони худу наздиконашонро дар хатар нагузоранд. Ҳамин тариқ, дар куҷо ва аз кӣ сироят ёфтани овозхон ва аҳли оилааш ба COVID-19 номаълум боқӣ мондааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Муниса Ризоеваро барои бидуни ниқоби тиббӣ гашту гузор карданаш дар кӯча наздики 100 доллари амрикоӣ ҷарима карда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД