Arzon march 2024
Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи байналмилалии Флорида
15.05.2025
Oila.tj
374

Дар доираи сафари хизматӣ ба штати Флоридаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кормандони Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ” бо гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки бо Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” таҳсил менамоянд, вохӯрӣ анҷом додаанд.

Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрӣ чаҳор донишҷӯйи тоҷик аз Донишгоҳи байналмилалии Флорида ва як донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии Каролинаи Шимолӣ иштирок намудаанд.

Намояндагони Марказ зимни вохӯрӣ бо шароити зист, муҳити таълим, сатҳи хизматрасониҳо ва дастрасии донишҷӯён ба захираҳои таълимӣ шинос шуда, бо ҷараёни таҳсили онҳо аз наздик ошно гардидаанд.

Дар ҷараёни суҳбат ба донишҷӯён аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдоварӣ гардидааст. Гуфта шудааст, ки таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” далели равшани сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумат дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва пуштибонии насли нав мебошад.

Дар интиҳо, кормандони Марказ аз донишҷӯён даъват ба амал овардаанд, ки бо дониши муосир, ҷаҳонбинии илмӣ ва ахлоқи намунавӣ намояндагии сазовори Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар ба иҷро расонанд ва пас аз хатми таҳсил бо иродаи қавӣ барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии Ватан саҳм гузоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД