Formula novemver 2024
Мухтор Мухторов: Аз корманди меҳмонхона то ҳаҷвнигори Инстаграм
14.12.2024
ОИЛА.ТҶ
586

Як хосияти интернет, махсусан, шабакаҳои иҷтимоӣ он аст, ки соҳибистеъдодҳоро мисли гули худрӯй мерӯёнад. Фазои маҷозӣ ба онҳое, ки дар ин ё он соҳа малакаву маҳорате доранд, майдони хуби муаррифиро фароҳам меорад. Маҳз ҳамин гуна имконот аст, ки мо имрӯз дар соҳаҳои гуногун блогерони машҳуру маъруф дорем ва онҳо то қадри имкон барои беҳтар шудани фазои блогинги тоҷик кӯшиш карда истодаанд.

Мухтор Мухторов яке аз онҳоест, ки маҳз тавассути Инстаграм аз ҳунари ҳаҷвнигорӣ ва актёриаш ҳам худ ва ҳам мардум огоҳ шудаанд. Дар ҳоли ҳозир ӯ дар Инстаграм зиёда аз 333 ҳазор обуначӣ дошта, наворҳояшро садҳо ҳазор, ҳатто миллионҳо низ тамошо мекунанд.

Мавзӯи наворҳояш сода ва ҳаётианд. Муносибати рафиқон, муошират бо дӯстдухтар, монеаҳо ва мушкилоти ҷавонон ва умуман рафтору кирдор ва гуфтори имрӯзро инъикос мекунад. Яке аз сабабҳои маҳбубияти саҳифаи Мухтор дар он аст, ки ӯ як симо дорад ва бо ҳамон образи воқеияш дар ҳама наворҳояш падид меояд. Ӯ симои як ҷавони замонавӣ ва ба қавле бохабар аз ҳама рӯйдодҳоро меофарад.

Дар доираи рубрикаи “То машҳур шудан” мо бо Мухтор Мухторов суҳбати кӯтоҳ доштем ва доир ба чӣ гуна будани кору зиндагиаш пеш аз блогер шуданаш қисса кард.

- Пеш аз блогерӣ ё ба қавле қабл аз машҳур шудан ман дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena”, дар қабулгоҳ кор мекардам. Корам хуб буд ва ягон мушкил надоштам.

Ӯ дар давоми суҳбат пайвастанашро ба блогинг ва ҳамчун блогер фаъол шуданашро чунин нақл кард:

- Соли 2018 ҳамроҳи рафиқам Муҳсин ба блогинг омадем ва хостем дар ин самт худро бисанҷем. Саҳифаамонро бо номи “Tajhumors” фаъол кардем ва наворҳои гуногунро пешниҳод намудем. То соли 2020 як ҷо будем ва вақте ки ӯ фаъолияти блогериашро хотима дод, ман саҳифаи шахсиамро бо насаби худам фаъол кардам. Дар аввал блогерӣ барои ман шуғл буд, яъне дар вақтҳои бекорӣ ба таҳияи наворҳо машғул мешудам, аммо рафта-рафта ба касб табдил ёфт.

Чун Мухтор наворҳои ҳаҷвӣ омода мекунад, дар бобати ёфтани мавзуъ ва умуман таҳияи наворҳои ҳаҷвӣ пурсон шудем, ки чунин ҷавоб дод:

- Сабаби якум ин аст, ки дар ин соҳа худамро санҷидам ва аз санҷиш гузаштам, яъне ҳаҷв карда метавонам. Дуюм, ман табиатан мехоҳам ба мардум хурсандӣ биёрам ва вақте ки бо дидани наворҳои ман онҳо механданд, хеле худро хуб ҳис мекунам. Мавзуъҳои наворҳоямро аз ҳаёти ҳаррӯза мегирам, зеро рӯзгори мо пур аз ҳаҷву ханда ва ноҳамвориҳост.

Ҳамсуҳбати мо доир ба душвориҳои кори блогерӣ ҳам изҳори назар кард:

- Ягона душвории кори мо ин аст, ки баъзан бо касоне дучор меоем, ки фикри солим надоранд ва зери наворҳои ҳаҷвии мо суханҳои қабеҳ менависанд. Албатта, бе чунинҳо намешавад, аммо набояд то ин андоза торикбин шаванд одамон.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД