Ману зани якумам Муҳаббат бо ошиқӣ баста хонадор шуда будем. Занамдухтари хуб буд ва маро дўст медошту ҳурмату эҳтироми аҳли хонаводаамонро ба ҷо меовард, вале аз аввал ситорааш ба модарам писанд наафтид.
Гумон доштам, ки бо мурури замон муносибати келину хушдоман хуб мешавад, вале бадбахтона ин тавр нашуд..
Писарчаи нахустинамонро бо сад умеду орзу Муҳаммад ном ниҳодем, то ки мисли пайғамбарамон рост қавлу хушгуфтор шавад. Аммо модарам баъди кудакдор шудан ба келинаш бештар эрод мегирифтагӣ шуд,чунки Мухаббат акнун бо кудак овора шуда, кору бори хонаро ба табъи дили модарам ва сари вақт анҷом дода наметавонист. Вақтҳои охир чеҳраи ҳамсарам ғамзада менамуд. Сабаб пурсам, нигоҳашро аз ман гурезонда «ҳе ҷгап не» гўён, дарди дилашро панҳон медошт. Рўзе ба ҷону ҳолаш намонда сабаби маъюсиашро пурсидам. Сарашро аз замин набардошта «модарат нони мехўрдаамро заҳр мекунанд» гуфт. Ман Муҳаббатро тасаллӣ дода ба сабру тамкин талқин намудам. Бо ҳамин дигар дар ин бора сўҳбат накардем, вале ман медидам, ки чӣ тавр ҳамсарам рўз то рўз харобу абгортар мешавад.
Билохира, дар рӯзи иди рамазон бо як баҳонаи ночиз модарам бо келинаш ҷанг шуда,зану фарзанди маро аз хонааш пеш кард. Муҳаббат бо чашми гирён баромада рафт ва бо ҳамин бо талаби модарам ман аз занам расман ҷудо шудам.
Хулоса, Муҳабба тписарчаамон Муҳаммадҷонро гирифта ба хонаи модараш рафту модарам маро бо духтари дигаре хонадор кард. Зиндагии осоишта дошта бошам ҳам, хушбахт нестам. Солҳо турнасон гузаштанд, аммо эҳсос мекунам, ки як пораи дилам аз ман ҷудост. Мехоҳам писарамро пайдо намуда, қарзи падариямро ба ҷо орам. Писарам 22- сола шудааст ва ман мехоҳам ўро бо худ бигирам ё ақаллан гоҳ-гоҳ дар хонам меҳмон шавад. Хоҳиш мекунам, агар каси Муҳаммади Расули маро бишносад, арзи дили падарашро ба ў расонад, то писарам ба наздам баргардад. Баргард писаракам, то дар назди дўсту душман забонам дароз ва сарам баланд шавад! Ман аз он, ки ту ва модаратро партофтам, сахт пушаймонам!
Расули писаргумкарда