Arzon march 2024
Муҳиддин Асадуллоев аз Куриё бо медали тило баргашт
412

Варзишгари тоҷик Муҳиддин Асадуллоев аз Куриёи Ҷанубӣ бо медали тило баргашт.

Чемпионати Осиё оид ба дзюдо таҳти унвони Asian Cadet & Junior Championships 2024 дар шаҳри Мунгёни Куриёи Ҷанубӣ баргузор гашта, дар мусобиқа 300 нафар варзишгарон аз 20 давлат иштирок доштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи баландпоя Александр Кан дар вазни 57 кг, Фирӯз Маҳмадбеков дар вазни 66 кг, Илҳомиддин Ҷабборов ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни 73 кг, Суннатулло Мусоев ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни 81 кг ва Аҳмад Табаров дар вазни +100 кг намояндагӣ карданд.

Аз ин миён танҳо ба Муҳиддин Асадуллоев муяссар гаштааст, ки ҳарифонашро мағлуб намуда, медали тилои мусобиқаро ба даст орад.

Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни 73 кг ва Суннатулло Мӯсоев дар вазни 81 кг сазовори ҷойи панҷум гаштанд, Аҳмад Табаров дар вазни +100 кг дар зинаи ҳафтуми мусобиқа қарор гирифт.

Дар ҳайати гурӯҳӣ аз ҳисоби медалҳои ба даст оварда варзишгарони Ӯзбекистон бо натиҷаи 7-3-3 ҷойи аввалро соҳиб шуданд. Дар зинаи дуюм варзишгарони Куриё бо натиҷаи 4-2-6 ҷой гирифта, зинаи сеюмро тими Қирғизистон бо натиҷаи 2-0-4 сазовор гаштааст. Тоҷикистон дар зинаи чоруми мусобиқа қарор гирифт.

Ин мусобиқа яке аз зинаҳои омодагӣ ба Ҷоми Осиё дар Душанбе мебошад, ки аз 12 то 15-уми сентябр таҳти унвони Dushanbe Cadet & Junior Asian Cup 2024 дар пойтахти кишвари мо баргузор мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД