Муфтии Тоҷикистон: ботекс ва татуировка ҳаром аст!
244

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон зимни як суханрониаш занону духтаронеро, ки бо мақсади зеботар шудан лабу рӯйи худро ғафс ё “ботекс” мекунанд, танқид кардааст.

Муфтӣ ҳамчунин амали шахсонеро, ки дар баданашон расмҳои гуногун мекашанд, яъне “татуировка” мекунанд, мазаммат намуда, гуфтааст, ки аз нигоҳи ислом чунин амалҳо ҳаром мебошанд.

Муфтии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар пайравӣ ба фарҳанги бегона имрӯзҳо аксари духтарони тоҷик лабҳояшонро бо сӯзандору ғафс мекунанд, ки ин амал гуноҳ аст.

Дар маҷмуъ Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шурои уламои Тоҷикистон аз тағйир додани шакли биниву рӯй, ки солҳои охир мӯд гаштааст, эътироз намуда, гуфтааст, ки ҷисм танҳо амонати худованд аст ва ин маънои онро надорад, ки ҳар инсон ба ҷисмаш ихтиёр дошта бошад, ки шакли лабу даҳон ё биниашро тағйир диҳад, ҷуз ҳолатҳои табобатӣ, ки он масъалаи дигар аст.

Муфтӣ мегӯяд, чеҳраи инсон ба ҳар шакле, ки набошад, бояд аз ҷисми худ қаноатманд бошад ва шукрона кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД