Муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳафтаи равон аз минбари намози ҷумъа ботексро маҳкум кард. Муфтӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки занҳо тарҳи лабу рӯяшонро иваз мекунанд.
“Ҷавонзанҳо лабҳояшро даҳшатнок кардаанд, дар пайравӣ ба ким касе. Куҷо меравӣ бо ин лабҳоят фардо? Дар қабр намеғунҷӣ. Он ҷо пурсиш дорад. Ҳатто холзанӣ ва нақшу нигор дар бадан ҳаром аст. Парвардигор ин ҷисмро ба ту амонат додааст. Ҷисм амонат аст. Чӣ касеро бизанед ё худро бизанед ҳаром аст”,- гуфт муфтӣ.
Муфтӣ таъкид кард, ки мусалмон ҳақ надорад, аз пеши худ ҷисмашро тағйир диҳад: “Ин маънои онро надорад, ки ҳар кас ихтиёр дошта бошад дар ҷисмаш як гӯшашро бибурад як дасташро бибурад биниашро тағйир диҳад. Парвардигор туро ба беҳтарин шаклаш халқ кардааст. Инсон қатъи назар аз имону эътиқодаш, Худованд мегӯяд “мо инсонро муҳтараму мукаррам офаридем”, вале бояд бо роҳи ҳалол амал кунем”,- гуфт муфтӣ.
Муфтӣ мегӯяд, амалиёти тағйир додани рӯю ҷисм фақат бо маусади табобат иҷозат аст. “Барои табобат дигар масъала аст. Вале бархе лабашонро мисли мурғобӣ мекунанд. Духтаронро мебинӣ, метарсӣ. 4-5 сол баъд куҷо меравӣ? Онҳое ки карданд, пушаймон шуданд, дигарон боз идома медиҳанд...”,- таъкид кард Саидмукаррам Абдулқодирзода.
Ботекс чист?
Ботекс (Botox) моддаест, ки аз заҳри ботулинум гирифта мешавад ва дар тиб барои суст кардани ҳаракати мушакҳо истифода мегардад. Дар тибби муосир он ду навъи истифода дорад:
- Табобатӣ. Барои бартараф кардани дарди сари шадид, бемориҳои асаб, ё ихтилоли мушакҳо;
- Зебоӣ. Барои нест кардани чинҳо, ҳамвор кардани пӯст ва ҷавон нишон додани чеҳра.
Оё дар ислом ботекс ҷоиз аст?
Аз нигоҳи шариати исломӣ, ҳукми ботекс вобаста ба нияти шахс ва натиҷаи амалиёт муайян мешавад.
Агар ботокс бо ҳадафи табобат ё ислоҳи нуқсҳои ҷиддии рӯй пас аз беморӣ, садама ё сӯхтан анҷом дода шавад, он ҷоиз ва мубоҳ аст. Зеро дар ин сурат мақсад барқарор кардани саломатӣ ва осоиши инсон мебошад.
Аммо агар ботекс фақат барои зебоӣ, ҷавон намудан ё тағйири офаридаи Худо анҷом дода шавад, бисёре аз уламо онро ғайриҷоиз медонанд. Қуръон тағйири офаридаи Худоро бе зарурат мазаммат мекунад (Сураи Нисо, ояти 119). Баъзе фақеҳон агар амалиёт бе хатар ва бе исроф бошад, онро макруҳ, на ҳаром, мешуморанд, вале боз ҳам тавсия медиҳанд, ки инсон зебоии табииро қадр кунад ва аз ифроту таассуби зоҳирӣ парҳез намояд.