arzon replenishment
Мубориз Усмонов: Пеш аз ифтихор, масъулияти бузург буд...
21.09.2024
ОИЛА.ТҶ
884

Охири моҳи июл яке аз сарояндагони шинохтаи тоҷик Мубориз Усмонов дар Фестивали байналмилалии “Dream Fest”, ки дар Озорбойҷон баргузор гардид, Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Ӯ дар фестивали мазкур ягона тоҷик буд, ки дар миёни зиёда аз 200 ҳунарманди хориҷӣ баромад намуд. Бо Мубориз Усмонов доир ба таассуроташ аз иштирок дар “Dream Fest” суҳбати кӯтоҳ доштем, ки онро манзури хонандагон мегардонем.

- Дар аввал бигӯед, ки таассуротатон аз иштирок дар фестивали “Dream Fest” чӣ гуна аст?

- Аввалан, ман бисёр шод ҳастам, ки дар чунин маъракаи бузурги мусиқӣ иштирок кардам. Таассуротам хеле хуб аст, дар ҳақиқат чорабинӣ дар сатҳи олӣ буд. Аз пешвозгирӣ то омодагиву ҷараёни он хеле хуб гузашт. Дар он зиёда аз 200 ситораи ҷаҳонӣ иштирок намуданд. Бо бисёр ҳунармандон вохӯриву суҳбат кардем, умуман хотироти нек монд аз фестивал.

- Ҳамчун аввалин сарояндаи тоҷик дар чунин фестивал баромад кардан барои шумо ифтихор буд ё масъулият?

- Ман дар фестивали мазкур ду суруд сароидам ва албатта, ҳамчун аввалин тоҷик дар он саҳна пеш аз ифтихор кардан, масъулияти бузург ҳис кардам. Боиси хушнудист, ки кишвари азизамро дар чунин фестивал муаррифӣ намудам.

- Муносибат, истиқбол, муошират чӣ гуна буд ва умуман чӣ хел қабул карданд шуморо?

- Хеле олӣ буд. Ҳам истиқбол ва ҳам муносибат хуб буд. Ҳатто дастандаркорон ҳунармандонро мепурсиданд, ки вақти баромад кардан аз кадом тараф ба навор гирифтан мумкин асту аз кадомаш не. Дар фестивал зиёда аз 200 иштирокчӣ буд ва барои ин шумора зиёда аз 3000 нафар хизмат карданд.

- Оё ҳар чизе, ки интизор будед, ҳамон шуд дар фестивал ё не?

- Аз интизориҳоям зиёд буд ва бори дигар аз ташкилкунандагон миннатдор ҳастам.

- Доир ба сурудҳое, ки он ҷо сароидед, чӣ гуфта метавонед?

- Як қисмати сурудҳоро худам сохтам ва қисмати дигарро бо эҷодкорони рус ҳамкорӣ кардам. Ҳама корҳои банду басти сурудҳои иҷрокардаам дар фестивали мазкур дар Маскав ба анҷом расонида шуданд.

- Бо ситораҳои зиёд вохӯрӣ кардед, оё бовар ҳаст, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунед?

- Албатта, бо ҳунармандони зиёд вохӯрӣ доштам ва бовар дорам, ки дар ягон лоиҳаи муштарак ҳамкорӣ хоҳем кард.

- Чанд рӯз пеш дар Инстаграм гуфтед, ки болои сурудҳои зиёд кор карда истодаед ва рӯзҳои наздик пайи ҳам таронаҳои нав интишор мегарданд. Дар бораи таронаҳои нав бигӯед?

- Мо тасмим дорем, ки ҳар моҳ ду суруди нав интишор созем. Суруде, ки барои муаррифӣ кардан дар навбат аст, “Тоҷикистон, ба пеш!” ном дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД