Дар шаҳри Корнуолли Британияи Кабир муҷассамаи пешвоёни “G7”, ки аз партовҳои техникӣ сохта шудааст, насб карда шуд.
Он ба кӯҳи Рашмори Амрико монандӣ дорад. Ҷо Раш, муҷассамасози бритонӣ бо сохтани ин муҷассама зарари ба табиат расонидаи дастгоҳҳои электрониро нишон додан мехоҳад. Нафароне, ки ҳайкалашон сохта шудааст, сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон, сарвазири Ҷопон Ёсиҳидэ Суга, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, сарвазири Италия Марио Драгӣ, сарвазири Канада Ҷастин Трюдо, канслери Олмон Ангела Маркел ва президенти Амрико Ҷо Байден мебошанд.