Варзишгари ҷавону овозадори тоҷик Муҳаммад Наимов, ки устоди варзиши дараҷаи байналмиллалӣ мебошад, ба UFC даъвои рақобат пешниҳод намудааст.
Дӯстдорони варзиш огоҳӣ доранд, ки санаи 17-уми феврали 2024 дар UFC 298 муҳорибаи унвонӣ дар вазни нимсабук байни размгарони пуртаҷриба Алекс Волконовский ва Илия Топурия доир мегардад. Аввалин нишасти матбуотии чемпионҳо пеш аз мусобиқаи UFC 296 рӯзи 17-уми декабр баргузор гашт.
Варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов низ дар ҳамин вазн муҳориба мекунад ва пас аз тамошои ин нишасти матбуотӣ як пораи онро дар саҳифааш гузошта, дар зераш чунин навиштааст:
”UFC, ман омодаам, ки барои ин муҳориба ҷанговари эҳтиётӣ шавам!”
Дар ин бора Пресса. тч хабар додааст. Манбаъ дар шаҳри мавод навиштааст: “Аслан, ба чунин эълон кардан на ҳар варзишгар ҷуръат дорад, зеро ба набарди як чемпион ва як размкори пуртаҷриба ва довталаби камарбанд худро омода мекунӣ. Вале аз ҷониби дигар, фаҳмидан мумкин аст, ки Муҳаммад Наимов худро пурра нишон доданист ва новобаста аз он ки ду муҳориба гузаронидааст, талоши зиёд дорад.”
Ёдрас мешавем, ки Муҳаммад Наимов 7- августи соли 1994 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, дар риштаи таэквандо қувваозмоӣ мекунад. Наимов устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, ҷоизадори Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Қазоқистон (2010), ғолиби Чемпионати Осиё (2012), Чемпионати ҷаҳон дар Эстония (2012), ҷоизадори Чемпионати ҷаҳон дар Булғория (2013), Чемпионати Осиё дар Непал (2014), дорандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон байни наврасон (Душанбе, 2014) ва дигар ҷоизаҳои олии варзишӣ мебошад.