Писарам дар синфи 11 таҳсил мекунад. Рӯзе як омӯзгораш ӯро барои ҷавоб надодан ба савол, дар назди ҳамсинфонаш бо чӯб ба сараш сахт задааст. Писарам баъди ин ҳамеша аз дарди сар шикоят мекунад. Оё омӯзгор чунин ҳуқуқ дошт ва барои чунин муносибат чӣ ҷавобгарӣ вуҷуд дорад?
Мувофиқи моддаи 50 қонуни ҶТ ”Дар бораи маориф” омӯзгорон вазифадоранд: бандҳои дахлдор – нисбат ба хонандагон ва донишҷӯёне, ки тартиботи дохилии муассисаи таълимиро халалдор менамоянд, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва сару либоси тавсиявиро намепӯшанд, маъмурияти муассисаи таълимӣ ва падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда) -ро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;
– нисбат ба таълимгирандагоне, ки аз таҳсил саркашӣ намуда, аз хондан дур мемонанд, падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва мақомоти дахлдорро сари вақт тариқи хаттӣ ё шифоҳӣ огоҳ намоянд;
– дар вақти дарс ва берун аз он аз алфози қабеҳ худдорӣ намоянд;
– ҳуқуқҳои таълимгирандагонро риоя карда, қадру эътибори онҳоро паст назананд;
Меъёрҳои болозикр нишондиҳандаи он мебошад, ки муаллим ҳуқуқ надошт, барои тайёр накардани дарс хонандаро дар назди ҳамсинфонаш занад, ӯ бояд аз аз роҳҳои дар қонун пешбинишуда истифода мекард.
Агар шумо барои барқарор кардани саломатии фарзандатон хароҷот карда бошед, метавонед тариқи судӣ ҷуброни хароҷоти моддии кардаатонро аз ҳисоби омӯзгор ва муассиса рӯёнед.
Инчунин иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба таълиму тарбияи ноболиғ аз ҷониби падару модар ё шахси дигар, ки ин ўҳдадорӣ ба зиммаш қонунан гузошта шудааст, инчунин аз ҷониби омўзгор ё дигар корманди муассисаи таълимӣ ё тарбиявӣ, агар муносибати бераҳмона нисбат бо ноболиғ анҷом диҳад, тибқи моддаи Моддаи 174 Кодекси ҷиноятии ҶТ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.