Акбар Обидов 33-сол мешавад, ки дар МТМУ №10 ва Гимназияи № 1-и шаҳри Истаравшан аз фанни алифбои ниёгон ба хонандагон дарс медиҳад.
Ҳамзамон қариб 20 сол аст, ки ба хиштчинӣ машғул аст. Ҳарчанд ӯ ин ҳунарро дар синни камолот омӯхт, вале дар андак муддат ҳамчун устои бомаҳорат ном баровард. Мавсуф дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистону Ӯзбекистон мақбараву масҷид ва дарвозаҳои хиштӣ сохтааст, ки имрӯзҳо ҳамчун нигораи таърихӣ ҳифз мешаванд.
Акбар Обидов аз хурдӣ мехост лоиҳакаш шавад. Чун ба синни камолот расид, дар дилаш хоҳиши ҳарбӣ шудан пайдо шуд. Бо ҳамин ният барои супоридани имтиҳон ба яке аз донишкадаҳои ҳарбии шаҳри Ленинград ба ин шаҳри бостонӣ сафар кард. Ду имтиҳонро бо баҳои аъло супурд, вале бо сабабҳои оилавӣ натавонист дар он ҷо таҳсил намояд. Аз ин рӯ ба Тоҷикистон баргашт ва ба факултаи шарқшиносии ДМТ дохил шуд.
"Вақте ба хона омадам, акаам шӯхиомез гуфтанд, ки агар ба факултаи шарқшиносӣ дохил шудӣ, хон,, агар не, панҷ сол дар шаҳри Душанбе ист. Хушбахтона, аз имтиҳонҳо бо баҳои аъло гузаштам, вале ҳамон сол фармон баромад, ки тамоми донишҷӯёни донишгоҳҳо бояд ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шаванд. Ду сол дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хизматро адо намудам. Сипас чор соли дигар дар кафедраи ҳарбии ДМТ таҳсил кардам ва рутбаи лейтенантиро ба даст овардам. Аз соли 1990 ба фаъолияти омӯзгорӣ оғоз намудам,"-ба ёд меорад ҳамсӯҳбати мо.
Қаҳрамони мо дар МТМУ №10 аз фанни забони модарӣ ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Бо дархости ӯ дар муассиса барояш баҳри омӯзонидани алифбои ниёгон соати дарсӣ ҷудо намуданд. Вай мехост барои ҳифзи ҳуруфоти форсӣ саҳм гузорад. Аз ин рӯ дар муассиса озмуни ҳарсолаи "Хаттотон"-ро ҷорӣ кард, ки он то имрӯз амал мекунад.
Ҳуруфоти форсӣ яке аз қадимтарин навъҳои хат ба ҳисоб рафта, то замони мо 12 намуди он омада расидааст. Нахс, настаълиқ, кӯфӣ, райҳонӣ, девонӣ, ҷаълӣ, сулс, маъмултарини он ба ҳисоб меравад. Қаҳрамони мо низ аз якчанд намудҳои ин хат огоҳ аст. Ӯ то имрӯз чанд маҷмӯаи шеър, қисса ва дигар нигоштаҳои эҷодкоронро ба форсӣ ё баръакс аз форсӣ ба крилӣ баргардон кардааст.
"Замоне, ки дар коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз фанни хаттотӣ дарс мегуфтам китоби энсклопедияи ҳунарҳои мардумиро, ки бо хати форсӣ навишта шуда буд ба крилӣ баргардон кардам, ғайр аз ин рӯйи варақҳои калон абёти шоирони классик Абдулқодир Бедил, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Умари Хайём ва дигаронро бо хати форсӣ навиштаам. Дар озмуни ҳарсолаи "Хаттотон" низ шогирдон рӯйи варақ бо истифода аз нақшҳои гуногун шеър ё панду ҳикматҳои бузургонро менависанд, ки ин барои хушнавис шудани онҳо мусоидат мекунад,"-мегӯяд Акбар Обидов.
Солҳои 1993-1994 барои кормандони муассисаҳои давлатӣ, хоса омӯзгорон ниҳоят вазнин буд, зеро тайи ин солҳо бе маош кор мекарданд. Бархе омӯзгорон бо сабаби душвориҳои зиндагӣ аз баҳри ин пеша гузаштанд, вале Акбар Обидов ба нагирифтани маош нигоҳ накарда, зиёдтар соати дарсӣ мегирифт. Барои ӯ таълим гирифтани хонандагон дар ҷойи аввал меистод. Дар вақтҳои фориғ аз дарс ба корҳои сохтмонӣ машғул мешуд, то шиками аҳли оилаашро сер кунад.
Акбар Обидов аз соли 1993 ба хиштчинӣ машғул шудааст. Намунаҳои кори ӯро метавон дар шаҳрҳои Истаравшан, Ҳисор, Ховосу Сирдарёву Бекобод ва ноҳияҳои Ғарм, Айниву Шаҳристон дидан мумкин аст.
Ба гуфти қаҳрамони мо ӯ аз замони ба ҳунари хиштчинӣ рӯй оварданаш бештар масҷиду мақбара ва дарвоза сохтааст. Як қисми дарвозаи қадимаи Истаравшан низ бо дастони усто Акбар сохта шудааст.
Қаҳрамони мо дар баробари дар сохтмон кор кардану фаъолияти омӯзгорӣ намуданаш муддате вазифаи директории МТМУ №10-ро иҷро кардааст. Ҳамкорону ҳампешагонаш мегӯянд дар замони роҳбарии ӯ муассиса аз таъмири куллӣ баромада дару тиреза ва як қисми боми он аз нав карда шуд. Ҳамзамон дар ин давра хонандагони муассиса ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар олимпиадаҳои даврӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.
Имрӯзҳо қаҳрамони мо дар ду муассиса аз фанни алифбои ниёгон, забони тоҷикӣ ва адабиёт дарс медиҳад.
Абдуғаффор Шодиев