Arzon march 2024
МОТАМ ДАР ПАНҶАКЕНТ
3080


Дар деҳаи Киштудаки ҷамоати Ёвони шаҳри Панҷакент бар асари боронгариҳои шадид ва фаромадани сел 12 тан ҷони худро аз даст додаанд.

Мутриб Шоназаров, афсари калони КҲФ - и шаҳри Панҷакент дар таъйиди ин хабар дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, миёни 12 нафар қурбониёни сел як зан ҳамроҳи чаҳор кӯдакаш низ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, сел модар ва кӯдаконашро ҳангоми дар чарогоҳи тобистона аз деҳа дуртар қарор доштанашон мебарад.

"Инҳо ҳама машғули чорвочаронӣ буда, дар замони боридани борон дохили хаймаҳо панаҳ бурдаанд, аммо селхезӣ онҳоро бо хаймаҳояшон бурдааст", - мегӯяд манбаъ.

Номбурда гуфт, имрӯз ҷасади 10 нафари пайдошуда ба хок супорида шуда, аммо ҷустуҷуи ду тани дигар идома дорад.

"Кулли ҳайати КҲФ - и шаҳри Панҷакент ҳоло барои дарёфти ҷасадҳои ду тани дигар ва бартараф гардонидани хробкориҳои сел дар ҷойи ҳодиса қарор доранд", - мегӯяд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол як ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасадҳои фавтидагон аз ҷумла модар ва фарзандонаш ба воситаи чархбол ба мазор ба деҳа оварда шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими ҷанозаи фавтидагон муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд ҳузур доштанд.

Боронҳои шадиди рӯзи гузашта тамоми водии Зарафшонро фаро гирифта, дар ноҳияиҳо Айниву Масчоҳ низ харобиҳо овардааст.

Сокинони деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ низ мегӯянд сели азими рӯзи гузашта қисман ба хонаҳо зарар расонидаву роҳҳову пулҳои деҳаро хароб кард ва чорвою нақлиётҳои сокинони деҳаро рабуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар то кунун расман ҳоло дар ин бора иттилоъ надодааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД