Чанд рӯз қабл дар хонводаи сароянда ва мусиқачии машҳур Далер Назаров шахсияти баобрӯ-амакашон Аскар Абдураҳмонов аз олам чашм пӯшид.
Аскар Абдураҳмонов, професссор, номзади илмҳои санъатшиносӣ, Ходими хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 9-июн дар паи бемории тӯлонӣ аз олам чашм пӯшид-иттилоъ медиҳад бахши тоҷикии хабаргузории Sputnik.
Далер Назаров дар саҳифаи Instagram-и худ ба хотири ёдбуди амакаш якчанд хотиротро зикр кардааст. “Амакам одами бениҳоят самимӣ буд. Тамоми умр дар паҳлӯям буд ва бо ҳузури мубораки худ роҳи эҷодамро равшан мекард. Маро ҳеҷ гоҳ тарбият намекард ва панду насиҳатҳам намедод. Танҳо солҳои охир ӯро амак мегуфтам, дар дар солҳои ҷавониям –танҳо Аскар мегуфтам.”-ба ёд овард Далер Назаров.
Аскар Абдураҳмонов маҳорати бузурги ҳунармандию сарояндагӣ дошт, аз ҳама муҳим тамоми сифатҳои неки инсниро доро буд.
Гитараи аввалине, ки Далер онро дар хурдсолӣ ба даст гирифт, аз они амакаш буд. “Он гитараи амакам хеле зебо, калон ва ғайримуқаррарӣ буд”-қайд намуд Назаров.
Аскар Абдураҳмонов, номзади илмҳои санъатшиносӣ, Ходими хизматнишондодаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, професссор пас аз хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Маскав тамоми кӯшишу ғайраташонро барои кушодани Институти давлатии санъати Точикистон ва пойдор гардондани кафедраи маҳорати актёрӣ бедарег ба роҳ мемонданд.
Имрӯз дар тамоми театрҳои касбии Тоҷикистон шогирдони Аскар Абдураҳмонов анъанаи неки театрии кишварро пойдор мегардонанд.