Як сокини 24 -сола пойтахт ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат карда аз дуздида шудани мошинаш шиква намудааст. Аз рӯйи гуфти ин ҷавонмард шаби 24-уми ноябр, тахминан соатҳои 03-00 шахсони номаълум мошини “Мерседесс-Бенс”-и ӯро ба яғмо бурдаанд.
Дар рафти гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯӣ мошиндузд ба чанг афтид. Маълум шуд, ки Мерседессро як бачаи 13-сола ба яғмо бурдааст.
Айни замон тафтишоти ин ҳодиса аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Ф. Сатторӣ