Arzon march 2024
Мошини боркаш бар рӯди Панҷ сарозер шудааст
19.05.2025
Oila.tj
312

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз ҳодисаи нохуше дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 17-уми майи соли 2025, соати 19:20 дақиқа дар шоҳроҳи автомобилгарди Хоруғ-Дарвоз, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Нулванд, мавзеи Овчалии ноҳияи Дарвоз автомашинаи боркаши тамғаи Mercedes, ки аз ҷониби як сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе идора мешуд, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

- Дар бораи ронанда маълумоти бештаре ҷуз ин нест, ки соҳиби ду фарзанд будааст. Дар бораи сабаби садама ҳам мушаххасан намешавад чизе гуфт. Танҳо ин ки ронанда шояд ба иллати суръати баланди ҳаракат натавонистааст аз уҳдаи идораи мошин барояд,- меафзояд манбаъ.

Рӯзи 18-уми май тамоми рӯз наҷотдиҳандагони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода талош кардаанд мошин ва ронандаро пайдо кунанд, вале бенатиҷа.

Ҷустуҷуҳо субҳи имрӯз аз сар гирифта шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД