Дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе соати 23-и шаби гузашта мошини худрав ба коми оташ фурӯ рафт.
Дар наворе, ки “ПАРВИЗ ТВ” дар саҳифаи инстрагармаш гузоштааст, дида мешавад, ки мошин ба дарахт бархурдааст ва қисмати қафои мошин оташ гирифта истодааст.
Дар ҳамин вақт гурӯҳи мардон ба сӯи мошини оташгирифта ба хотири ёрӣ расонидани ронанда медаванду ӯро ба тирезаи мошин берун мебароранд ва якҷоя аз назди мошин дур мешаванд. Шунида мешавад, ки яке аз онҳо таъкид мекунад, ки ба тарафи бехатар равед.
Ин ҳодиса шаби гузашта, соати 23:22 дақиқа дар гардиши фурӯдгоҳ рух додааст, гуфтааст манбаъ.