Sebiston new 2024 october
Мошин харидан дар хоб чӣ таъбир дорад?
6219

Чанд шаб боз пай дар пай мошин хоб мебинам. Шабе хоб мебинам, ки мошин харидаам, шаби дигар бо мошин ба куҷое сафар дорам ва ба ҳамин монанд хобҳои рангоранге, ки бо мошин алоқамандӣ доранд. Баъзеҳо мегӯянд, ки мошин дар хоб тобут аст, аз ҳамин сабаб сахт дар ташвишу изтироб афтодаам, ки мабодо ягон ҳодисаи нохуш ба сарам наояд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед.

Хонандаи "Оила" аз Душанбе

Бародари азиз, фикрҳои мағшуш ва ғамангезро аз саратон дур созед, чунки аслан мошин дар хоб ягон таъбири бад надорад. Дар хобномаҳо омадааст, ки мошин дар хоб рамзи боигарӣ ва ба орзуҳои ширини худ расидан аст.

Кас хоб бинад, ки мошин харидааст, вазъи иқтисодиаш рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, бою бадавлат мешавад ва барои худ як зиндагии серу пури шоиста месозад.

Аммо мошини вайрона ё шикастагӣ дар хоб чандон хосияти хуб надошта, нишонаи беморӣ ва асабоният мебошад. Мошини калони боркаши вайронаро хоб бинед, дар ҷойи коратон ягон мушкилӣ сар зада, боиси баҳсу мунозира гашта метавонад.

Бо мошин ба сафар баромадан нишонаи он аст, ки шуморо як сафари бисёр рангин ва ҳаяҷоновар дар пеш аст, ки умре дар хотиратон нақш хоҳад баст. Мошинсаворӣ дар хоб рамзи амалӣ гаштани орзуҳои шахси хобдида низ буда метавонад.

Ғайбдони машҳур Ванга таъкид кардааст, ки мошинсаворӣ дар хоб ба вазъи молиявии шахси хобдида ишорат мекунад. Мошин дар хобатон ба пеш тозад, корҳоятон пешрав гашта, даромади калони пулӣ ба даст меоред, вале мошин қафо равад, кассод, яъне бонкрот шуда, маблағи зиёдеро аз даст медиҳед.

Дар як ҷо истодани мошин ба он ишорат мекунад, ки шахси хобдида бояд ягон қарори қатъӣ қабул кунад, то ки зиндагиаш дигаргун гардад.

Таъбири хоб ба ҷинсият низ алоқамандӣ дорад, масалан агар зан мошин хоб бинад, ин нишонаи хушбахтии оилавӣ буда, марди орзуҳои худро пайдо мекунад. Тамғаи мошин аз чигуна инсон будани домоди оянда дарак медиҳад.

Мошини қиматбаҳоеро хоб дидани зан нишонаи он аст, ки бо марди сарватманд оиладор мешавад ва дигарон ба ӯ ҳасад хоҳанд бурд.

Зан хоб бинад, ки мошини каси дигарро дуздидааст ё ба мошини бегона савор шудааст, бояд эҳтиёт бошад, зеро чунин хоб нишонаи макру фиреб буда, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин зан ба доми марди зандоре афтидааст ва ба сараш ҷанҷолу моҷаро омада метавонад.

Дар хоби мард мошин нишонаи даромади калони пулӣ мебошад. Хоб бинед, ки мошинсаворӣ карда истодаед, корҳоятон барор гирифта, пули хуб ба даст меоред, вале мошин мисли бод аз наздатон гузашта равад, шанси худро аз даст медиҳед.

Таъбири хоб ба ранги мошин низ вобастагӣ дорад. Мошини сафед дар хоб рамзи бахту саодат буда, касе, ки чунин хоб мебинад, дар хонааш тӯй мешавад, тифли навзод ба дунё меояд ё ягон хурсандии дигар ба вуқуъ пайваста, боиси шодию нишоти шахси хобдида ва аҳли оилааш мегардад.

Мошини сиёҳ нишонаи беморӣ, мошини сурх бошад, рамзи ишқу муҳаббат аст. Мошини зард хоб бинед, ба ғаму дард гирифтор мегардед ё аз шахси дӯстдоштаатон ҷудо мешавед. Мошини кабуд ва сабзро хоб дидан нишонаи муваффақ гаштани шахси хобдида дар тиҷорат мебошад.

Хулоса, мувофиқи маълумотҳое, ки дар хобномаҳо дарҷ гаштаанд, касе, ки мошин хоб мебинад, тамоми орзуҳояш амалӣ мегарданд ва соҳиби давлату сарвату боигарии зиёде гашта, натанҳо зиндагии худ, балки ҳаёти наздиконашро низ дигаргун месозад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД