Ман панҷ моҳ пеш ба шавҳар баромадам. Шавҳарам марди бофаҳму боандеша аст, аҳли оилаашон низ одамони хубанд, вале ҷодугарии арӯсҳои шавҳарам маро хеле азоб дод. Шукр,ки пуштам тоза буд ва панҷ вақт намозамро тарк намекардам, вагарна Худо медонад, ки зиндагиям чӣ мешуд.
Арӯсу домодҳо шаби аввали васлашонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд, вале ман он шабро ҳаргиз ба ёд овардан намехоҳам. Бо таъсири ҷоду шавҳари меҳрубонамро он шаб чунон бад дида будам, ки чеҳраи зебояш дар назарам монанди бало метофт ва ҳатто рӯяшро дидан намехостам. Шавҳарам ҳолатамро дарк намуда гуфт: «Зиқ нашав занакҷон, чораи ин корро албатта меёбем!»
Муллоеро оварда маро чандин маротиба доухонӣ намуданду билохира ҷонам раҳоӣ ёфт ва шавҳарамро аз ҷонам зиёдтар дӯст доштам. Имрӯз зиндагиамро бидуни ин марди нек лаҳзае тасаввур карда наметавонам. Духтаре, ки маро ҷоду намуда аз шавҳарам ҷудо кардан мехост ба ғазаби Худованд гирифтор шуда бероҳагияш ошкор гашт. Беҳуда нагуфтаанд:
Мард агар ошиқ шавад, олам гулистон мешавад,
Зан агар ошиқ шавад, охир пушаймон мешавад.
Хонандаи ҳамешагии «Оила»