Кормандони пулис аз Фогелсвилл (Пенсилвания, ИМА) бо хазанда ва ҷинояткори ғайриоддӣ рӯ ба рӯ шуданд. Кормандони пулисро ба хонаи марди 28-солае даъват карданд, ки дилаш қариб аз таппидан бозмонда буд.
Вақте онҳо вориди хонаи ин мард шуданд, дар гардани соҳибхона мори азимҷуссаи дарозияш 4,5 метра печида буд. Маҳз бо шарофати азимҷусса буданаш ба сари хазанда тир холӣ кардану ба мард осеб нараоснидан муясар гашт. Баъди тир хӯрданаш мор фавтид ва ҷабрдидаро, ки ному насабаш қайд нашудааст, ба беморхона интиқол доданд. Маълум шуд, ки соҳибхона мори одамкушро дар хонааш нигоҳубин мекардаасту ҷонвари парваридааш қариб ӯро мекушт.