Офати хонасўз
Ман дар танҳоӣ аз модарам пурсидам, ки сабаби мушаввашии хотираш дар чист? Ў бо лабханби талх гуфт:
- Духтарҷон, Гулнора (келиншаванда) бо чашмони бозингараш аз падараш монданӣ надорад. Ман мегўяму ту дар гўш дор, ў офат аст, офати хонасўз!
Ман ҳамроҳи модарам рафта будаму бо Гулнора аз наздик шинос шудам, ин сухани модарамро танҳо хавотирии занона номида, бепарво гаштам, аммо…
Падарам тўйи бошукўҳе ороста, келини хушкардаашро фаровард. Гулнора духтараки сабзинаи миёнақад ва дидадарое буд. Аз ўҳдаи ҳама корҳои хона мебаромад, бар замми ин, чевари гулдасте низ буд. Модарам ба ў чизе нагўяд ҳам, дўсташ намедошт. Дар чор соли зиндагӣ Гулнораву додарам соҳиби як писару як духтар шуданд, дар ин миён падарам ба бемории саратони меъда печида, вафот кард. Чун масъалаи ҷудо намудани рўзгори акаам расид, Гулнора чеҳраи асосияшро нишон дод. Шавҳари Гулнора, додари хурдиям мехост, ки хонаву дари падарӣ ба бародарам монаду худаш дар маркази ноҳия хона гирифт. Он вақт бародари калониям сармуҳаррири рўзномаи ноҳиявӣ буд, шавҳари Гулнора бошад, дар ширкати сохтмоние муҳандис шуда кор мекард. Ана ҳамин вақт булбулаки келини таърифиямон ба хондан даромад:
- Барои чӣ ҳам хонаву ҳам мошин аз они ў мешудааст? Дар чор соле, ки ман хизмати хонаи сермеҳмони шумо ва падари беморатро мекардам, ў ва занаш дар шаҳр (тӯли чор сол бародарам дар маркази вилоят кор мекарду зану писарчааш ҳамроҳи ў дар хобгоҳ зиндагӣ мекарданд) кайф карда мегашт. Ман як қадам аз ин хона берун намеравам, мошини хусурамро низ, ба касе доданӣ нестам, писарам калон шавад, ронда мегардад!
Мо ҳама бародари калониямонро мисли падар эҳтиром мекардем ва додарам барои ин беҳурматияш занашро зери мушту лагад кашид. Вале бародарам, ки марди донишманду соҳибмаърифат буд, худи ҳамон рўз кўчу бандашро бор карда, ба маркази ноҳия кўчид, ба хонаи харидагии додарам не, ба хонаи иҷора…
Соҳиби хона
Аз ҳамон рўзе, ки қадами бародарам аз хонаи падарӣ канда шуд, модари бечораам гоҳ дар хонаву дари бо машаққати зиёд ободкардаи худаш буду гоҳи дигар дар хонаи писари калонияш. Мо гоҳ-гоҳ ба хабагирии модарам мерафтему аз тағйироти ҳоли янгаам дар ҳайрат мемондем, ў акнун худро соҳиби мутлақи хонаву дар шинохтаву касеро писанду манзур намекард. Додарам низ, акнун бо садои доираи ў рақс мекард, модарам ҳамеша чашми нам дошт ва мегуфт, ки Асо-девона додаратро ҷоду кардааст, ў дигар он писари меҳрубону модардўстдор нест.
Солҳо мегузаштанду фарзандони Гулнораву додарам, ки акнун ба ҳашт нафар расида буданд, қад кашида, калон мешуданд. Модарамро парешонии оилаи бо муҳаббат парваридааш бемор кард. Ӯ дар бистари беморӣ мехобиду Гулнора бошад, ба маъракаороию сер кардани аждаҳои нафсаш овора буд. Ҳангоми бистарӣ шудани модарам зуд-зуд ба аёдаташ мерафтам, аз дидани либосҳои кўҳнаю фарсуда ва ҳоли зори ў аламам меомад. Гулнора бо дугонаҳояш рўйи кати пурнақшу нигори зери ҳавозаи баланди ангур воқеъгардида, гоҳ оши туппа, гоҳи дигар шакаробу дигар анвоъи хўрокҳои ба худаш маъқулро пўхта, мехўрду бо овози баланди гўшхарош механдид. Мусиқӣ монда, дабба-дабба мерақсиду хурсандӣ мекард, ба гўши модари порсо ва беморам ин нағмаҳои келини худхоҳ ниҳоят бад мерасид. Бародарам, ки аз рўйи бадгўиҳояш бо янгааму додарам қаҳрӣ буд, бо бистарӣ шудани модар маҷбур ба хабаргирӣ омад, вале Гулнора узр пурсидан як тараф истад, ҳатто бо онҳо салом накардааст. Баъд аз рафтани бародарам, модарам Гулнораро наздаш хонда, гуфтаст:
- Келин, ту кори нохуб мекунӣ, хонаву дари хусурат аз ту, мошини вайронааш ҳам, аммо чӣ хеле писаронамро ба ҳам душман кардӣ, ҳамон хел оштияшон меандозӣ…
- Кампир, гар хоҳӣ, ки бо марги худат аз олам равӣ, дамата гирифта, хоб кун, ман аз афти худат ҳам безору аз писаронат ҳам. Кай ман онҳоро душман кардам? Ман барои ту ҳамеша духтари Асо-девона ва бетарбия будам, худат ҳушёру шавҳарат раис натавонистед писаронатонро тарбия намоед, имрўз айби ман!?
Бо эҳтиром, МАРҲАМАТ
Таснифи ДИЛОШӮБ